Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев Раҳмонро дар Кремл қабул кард


Раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар ҳошияи нишастҳои Маскав дар Кремл як мулоқоти дуҷониба анҷом доданд.

Кремл мегӯяд, дар ин мулоқот тавофуқ шудааст, ки сафари батаъхирафтодаи Эмомалӣ Раҳмон ба Русия то поёни моҳи феврал сурат бигирад.

Ин сафар қарор буд, ҳанӯз қабл аз нишастҳои дирӯза дар Маскав доир шавад, вале Эмомалӣ Раҳмон ба далели бӯҳрони энержӣ аз сафар ба Маскав худдорӣ кард.

Ширкати ӯ дар саммитҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони АвроОсиё низ то рӯзи сешанбе зери суол қарор дошт.

XS
SM
MD
LG