Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ню-Йорк ҳавопаймо суқут кард


Бар асари суқути ҳавопаймои ширкати Colgan Air дар иёлати Ню-Йорк 44 мусофир ва чаҳор сарнишини он ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ҳавопаймо, ки аз фурудгоҳи Нюарки канори Ню-Йорк сӯи шаҳри Буффало парвоз мекард, болои як манзили зист дар шаҳраки Кларенс суқут кардааст. Дар ин ҳодиса ҳамчунин як сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои сабук ба бемористон интиқол ёфтанд.

Фоҷиа соати даҳи шаб ба вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваст. Хабаргузории Франс Пресс бо такя ба яке аз мақомоти шаҳри Буффало гуфтааст, ки қабл аз фоҷиа сарнишинҳои ҳавопаймо дар бораи таҳдид ё мушкили техникие хабар надодаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳавопаймо ба таври ногаҳонӣ аз экрани радар нопадид шудааст.

Дар ҷойи ҳодиса сухтор ба амал омад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ҳавопаймо дар чанд қадам дуртар аз ситоди оташнишонӣ суқут кард ва аз ин рӯ наҷотбахшон ба таври оҷил ба ҷойи фоҷиа расиданд.
XS
SM
MD
LG