Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони дифоъи НАТО дар Краков


Дидори Роберт Гейтс бо ҳарбиёни Лаҳистон дар Краков, 19 феврали соли 2009.
Дидори Роберт Гейтс бо ҳарбиёни Лаҳистон дар Краков, 19 феврали соли 2009.

Дар робита ба нишасти сарони НАТО дар моҳи апрел имрӯз вазирони дифоъи Паймони Атлантики Шимолӣ барои як ҷаласаи ғайрирасмии дурӯза дар Кракови Лаҳистон гирдиҳам омаданд.

Ду масъала дар маркази баҳсу баррасии онҳо қарор мегирад, ки яке ҷанги зидди ошӯбгарон дар Афғонистон аст ва дигаре муносибатҳои НАТО бо Гурҷистону Украина, ду ҷумҳурии шӯравии собиқ. Ин ҷаласа як рӯз баъд аз имзо шудани қарори ирсоли нерӯҳои иловагии Амрико ба Афғонистон аз тарафи раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама ва дар пасманзари даъватҳо ба тағйири стратегия дар Афғонистон баргузор мешавад.
Соли 2009 барои нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон соли сахте хоҳад шуд...


Сухангӯи Паймони Атлантики Шимолӣ, Ҷеймс Аппатурай, мегӯяд, баррасии амалиёти нерӯҳои паймон дар Афғонистон масъалаи асосии дастури кори вазирони дифоъ дар Краков хоҳад буд. Ин ҷаласа ғайрирасмӣ шумурда мешавад, аммо қарор аст, мавзӯъҳои нишасти сарони НАТО дар аввали моҳи апрелро пайрезӣ кунад. Аппатурай гуфт, мушкилоти оянда аз афзудани нерӯҳо дар Афғонистон ва таъмини амният дар давраи интихоботи президентии ин кишвар хоҳад буд.

Вай гуфт: "Афғонистон, ба фикри ман, масъалаи асосӣ хоҳад шуд. Мо ду мулоқот хоҳем дошт -- яке байни вазирони дифоъи НАТО ва дигаре бо таъминкунандагони нерӯ барои эътилофи байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон. Вазири дифоъи Афғонистон, Абдулраҳими Вардак, намояндаи Созмони Милал дар Афғонистон, Кай Эйд низ ин ҷо хоҳанд буд. Мутмаинам, ки Иёлоти Муттаҳида назари худро дар бораи стратегияи нав баҳс хоҳад кард ва ҳамчунин пуштибонӣ аз интихоботро. Интихоботи президентии Афғонистон 20-уми август барпо хоҳад шуд ва НАТО бо нерӯҳои иловагияш дар он нақш хоҳад дошт."

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, чанд рӯз пеш эълон кард, ки ба Афғонистон 17 000 сарбози иловагӣ фиристода, шумораи умумии онҳоро ба 50 000 нафар хоҳад расонд.

Дар роҳ ба мулоқоти Краков вазири дифоъи Амрико, Роберт Гейтс, гуфт, кишвараш интизори инро дорад, ки ҳампаймонҳои НАТО дар ростои интихоботи президентии Афғонистон нерӯҳои бештаре ба ин кишвар хоҳанд фиристод. Гейтс гуфт, то ҳоло посухҳо "дилсардкунанда"-анд.

Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Яап де Ҳуп Схеффер, низ кишварҳои узвро ба ёриҳои бештар ба нерӯҳои байнулмилалӣ даъват кард. Вай гуфт, аъзои паймон ё бояд нерӯҳои иловагӣ бифиристанд ва ё бояд кӯмакҳои худро ба Афғонистон бештар кунанд: "Соли 2009 мо шоҳиди бурузи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар ин амалиёт хоҳем шуд. Ва ман умедҳои қавӣ дорам, ки ҳампаймонҳои дигар низ ё нерӯҳои бештар мефиристанд ва ё кӯмакҳои ғайринизомиро барои рушд ва бозсозӣ афзоиш медиҳанд. Ба фикрам, агар бору вазифаи паймон дар байни ҳамаи аъзои он тақсим шавад, барои худи паймон ҳам одилона хоҳад буд ва ҳам лиҳози сиёсӣ дуруст."

Фармондеҳи аршади нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон. генерал Дейвид Маккирнан мегӯяд, дарвоқеъ нерӯҳои иловагӣ хеле муҳиманд. Вай изофа кард, ки имсол барои нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон соли сахте хоҳад шуд. Вай гуфт: "Ман ағлаби ин нерӯҳои иловагиро дар бахши ҷанубии Афғонистон, дар манотиқе истифода хоҳам кард, ки мо дар он ҷо ҳузури кофии амниятӣ надорем, дар манотиқе, ки вазъ он ҷо ба навъе бадтар мешавад ва дар манотиқе, ки барои ташкил ва таҳкими ҳимоят аз рушди босуръати тавонмандиҳои Афғонистон ба ҳузури қавӣ ниёз дорем."

Дар ҷаласаи Краков вазирони дифоъ ҳамчунин ислоҳоти ҷории НАТО, аз ҷумла ташаккули Нерӯҳои Вокуниши Сареъ ва тағйири сохтори ситоди марказиро баррасӣ хоҳанд кард. Дар нишасти ҳайати НАТО ва Украин барномаи миллии низомии Украин ва дар кумисюни Гурҷистон пайомадҳои ҷанг бо Русия дар моҳи августи соли гузашта, ислоҳоти ҳарбӣ ва стратегияи миллии амниятии Тифлис мавриди гуфтугӯ қарор хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG