Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди мӯҳлати президентии Карзай


Додгоҳи Олии Афғонистон ҳукм баровардааст, ки то замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар дар моҳи августи соли равон президенти кунунии Афғонистон Ҳомид Карзай дар сари қудрат хоҳад монд. Ин ҳукм даври президентии Ҳомид Карзайро чор моҳ тамдид менамояд. аммо рақибони ӯ мегӯянд, ки ҳукми додгоҳ ба Ҳомид Карзай дар маъракаи интихобот бартарӣ медиҳад.

Даври панҷсолаи раёсатҷумҳурии Ҳомиди Карзай 21-уми май ба поён мерасад. Тибқи қонуни асосии Афғонистон як ва ё ду моҳ пеш аз анҷоми даври раҳбарии президент дар кишвар бояд интихоботи нав баргузор гардад.

Аммо ниҳоди нозири интихоботи Афғонистон бо ишора ба вазъи ноором ва мушкилиҳои дигари ин кишвар эълон кард, ки интихоботи президентӣ баъди 20-уми август доир хоҳад шуд. Кишварҳои кумакрасони Афғонистон аз ин тасмим пуштибонӣ мекунанд, вале мухолифини ҳукумати ин кишвар мегӯянд, ки баъди 21-уми май шаръияти раёсатҷумҳурии Ҳомид Карзай аз байн хоҳад рафт. Ба ақидаи онҳо, бояд то замони савгандёдкунии президенти нави Афғонистон дар фасли тирамоҳ сарпарасти раёсатҷумҳурӣ таъйин шавад. Ҷабҳаи Миллӣ, ки аз вакилони мардумии мухолифи ҳукумат, аз ҷумла довталабони эҳтимолии курсии президенти Афғонистон иборат аст, бар зидди тамдиди даври раёсатҷумҳурии Карзай садо баланд кардааст. Сухангӯи Ҷабҳаи Миллӣ Сайид Фозил Санчаракӣ мегӯяд, ки додгоҳ зери фишори дастгоҳи президент ин ҳукми мухолифи қонуни асосии кишварро тасдиқ кардааст.

Ҳомид Карзай, ки соли 2004-ум президенти Афғонистон интихоб шудааст, то кунун расман эълон накардааст, ки дар интихоботи навбатӣ сабқат хоҳад кард ё не? Шореҳон пешбинӣ мекунанд, ки вазирони собиқи ҳукумати Афғонистон Анварулҳақ Аҳадӣ, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ дар интихоботи ояндаи президенти Афғонистон ба ҳайси довталаб ширкат меварзанд.

Шумори зиёди раъйдиҳандгони афғон бар ин назаранд, ки ошӯбҳо аз як тараф, ва аз сӯи дигар, иттиҳомоти ришваситонии мансабдорон шӯҳрати ҳукумати зери раҳбари Карзай дар миёни мардуми афғонро коҳиш додааст. Аз замони фурӯпошии ҳукумати Толибон дар Афғонистон фақат як дафъа дар соли 2004-ум интихоботи президентӣ доир шудааст.
XS
SM
MD
LG