Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги дипломатии НАТО ва Русия


Дабири кули паймон Яаап Де Хуп Схефер
Дабири кули паймон Яаап Де Хуп Схефер

Паймони НАТО ду дипломати Русияро бо далели даст доштан ба як моҷарои ҷосусӣ аз Брусел хориҷ кардааст.

Тавре қаблан маълум гашт, дар оғози ин ҳафта як дипломати Эстония бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Маскав боздошт шуда буд. Русия гуфт, ин иқдом равобити дар ҳоли гармтар шудани миёни Вошингтону Маскавро халалдор мекунад.

Дипломатҳои мазкур дар намояндагии Русия дар мақари НАТО фаъолият мекарданд. Бо такя ба иттилои мақомдорони паймон, хабаргузории “Ройтерс” навиштааст, ки яке аз ин дипломатҳо Василий Чижов фарзанди Владимир Чижов - сафири Русия дар Иттиҳодияи Аврупо будааст.

Сафири Русия дар НАТО Дмитрий Рогозин ба телевизионии русӣ хабар дод, ки ӯро ба ҳузури дабири кули паймон Яаап Де Хуп Схефер даъват карданд ва дар он ҷо гуфтанд, ки Чижов ва консули аршад Виктор Корчаковро бо иттиҳоми ҷосусӣ ихроҷ мекунанд.

Дмитрий Рогозин мегӯяд, “ман ин тасмими НАТО-ро ҳамчун як иқдоми таҳрикомезе барои ба ҳам задани созишҳое, ки ба тозагӣ ҳосил шудаанд, назири азсаргирии кори Шӯрои Русияву НАТО ва нақшаҳои муштараки ояндаамон, аз ҷумла нишасти Шӯрои Русия-НАТО дар сатҳи вазирон, арзёбӣ мекунам.”

Баъд аз чандин соли равобити сарду гоҳо душманона Русия ба тозагӣ саъй мекард муносиботашро бо НАТО ва ба вижа бо ИМА беҳбуд бахшад. Амрико ба аз саргирии муносибатҳо бо Маскав даъват намуд ва ҳангоми мулоқоти раисиҷумҳури ИМА Барак Обама бо ҳамтои русаш Дмирий Медведев дар Лондон тарафайн розӣ шуданд, созишномаи нави стратегии халъи силоҳро думбол кунанд.

Дмитрий Рогозин, сафири Русия дар НАТО, гуфт, ду дипломат ба ҷанҷоли ҷосусӣ ҳеҷ иртиботе надоранд ва ҳадс зад, ки ихроҷи дипломатҳо як кӯшишест барои халалдор шудани равобити ҳасанаи Русия ва Ғарб. Вазорати корҳои хориҷаи Русия низ бо пахши баёнияе ихроҷи дипломатҳоро “провакатсияи ошкор” хонда гуфт, ин иқдом бар пояи баҳонаҳои беасос ва бидуни ҳеҷ ташреҳи возеҳ гирифта шудааст.

Хабаргузории “Ройтерс” бо овардани иқтибос аз суханони як мақоми НАТО мегӯяд, ин ду дипломат дар иртибот ба парвандаи корманди вазорати дифои Эстония Ҳерман Симм ихроҷ шудаанд. Ҳерман Симм бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Русия моҳи феврал ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд. Вай дар вазорати дифои кишвараш аз соли 1995 то соли 2006 кор карда, ба санаду маводи хеле махфии марбут ба НАТО дастрасӣ дошт. Эстония аз соли 2004 узви НАТО мебошад.

НАТО фармони ихроҷи дипломатҳоро 29 апрел, яъне дуруст дар рӯзи азсаргирии музокироти расмӣ бо Русия, дар сатҳи сафирон содир кард. Муносибатҳо миёни Русия ва НАТО бо сабаби ҷанги порсолаи Русия бо Гурҷистон мавқуф шуда буд.
Русия ишора кардааст, ки ба ихроҷи дипломатҳояш посухи муносиб хоҳад дод. То ҳол маълум нест, ки оё ин иқдоми НАТО ба ҳамкориҳо дар муқобила ба дуздони дарёӣ ва Афғонистон таъсире хоҳад дошт ё хайр. Инчунин қарор аст, моҳи май вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои НАТО мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG