Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи аввали машқҳои НАТО дар Гурҷистон


Ситоди машқҳо дар пойгоҳи Вазианӣ
Ситоди машқҳо дар пойгоҳи Вазианӣ

Бо вуҷуди хашму мухолифати Русия, Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ дар чаҳорчӯби барномаи Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ имрӯз тамринҳои низомиашро дар Гурҷистон оғоз кард.

Русия, ки аз Паймони НАТО ба такрор хоста буд, то тамринҳоро баргузор накунад, размоиши имрӯза дар наздикии марзҳояшро “иғво» номид. Ҳузури НАТО бо ширкати 1100 сарбоз аз беш аз 10 кишвари узв ва кишварҳои шарики паймонро як рамзи ҳамбастагӣ бо Гурҷистон таллақӣ мешавад, ки тобистони соли гузашта бо Русия ҷангид. Размоиши якмоҳа дар як фазои танишолуда ва дар ҳоле баргузор мешавад, ки Гурҷистон аз тарси халалдор шудани тамринҳо аз тарафи Русия ба таври возеҳ асабонияташро нишон медиҳад.

Сарбозон дар размоишҳои Гурҷистон, усулҳои фармондеҳӣ дар як амалиёти таҳти раҳбарии НАТО- ро тамрин мекунанд, ки барои рафъи бӯҳрони фарзӣ анҷом мешавад. Баъди ин марҳила дар нимаи дуввуми моҳи май онҳо маъмурияти посдорони сулҳро тамрин хоҳанд кард.

Рӯзи сешанбе сарбозони Фаронса ва Канадаро дидаанд, ки дар пойгоҳи ҳавоии Вазианӣ қароргоҳҳои фармондеҳиро таъсис медиҳанд. Пойгоҳе, ки як замон нерӯҳои Русия аз он истифода мекарданд. Аммо талоши эътилофи кишварҳои ғарбӣ барои нишон додани ҳимоят аз Гурҷистон дар воқеъ метавонад, мавқеъи кишварро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи он печидатар кунад. Рӯзи сешанбе гурӯҳе аз сарбозони гурҷӣ дар пойгоҳи низомии Мухровании ин кишвар дар як воҳиди танкии 500 нафарӣ ошӯб бардошта ва аз иҷрои фармонҳо сарпечӣ карданд.

Размоишҳои НАТО ҳам чанде километр дуртар аз пойгоҳи Мухрованӣ сурат мегиранд ва аз ин рӯ вазорати дифоъи Гурҷистон мегӯяд, ҳадафи ошӯб халалдор кардани тамринҳои НАТО будааст. Аммо вазорат иддаъоҳо доир ба барангехтани ошӯб аз тарафи Русияро беаҳамият хонд, ки гӯё ба хотири сарнагун кардани ҳукумати Михаил Саакашвилӣ - раиси ҷумҳури Гурҷистон тарҳрезӣ шудааст.

Михаил Саакашвилӣ шахсан худаш бо ошӯбгарон сӯҳбат карда ва онҳоро мутақоид намудааст, то силоҳҳояшонро ба замин гузоранд. Вале ин ҳодиса, танишҳо дар дохили худи Гурҷистонро афзоиш дод, ки се ҳафта боз аст, шоҳиди тазоҳуроти мухолифин мебошад. Ин тазоҳургарон аз ҷумла Михайил Саакашвилиро дар амалкардҳои нодуруст дар ҷанг бо Русия муттаҳам мекунанд.

Дмитрий Рогозин - сафири Русия дар НАТО, иттиҳомот дар мавриди даст доштани Русия дар ошӯби сарбозони Гурҷистонро “девонагӣ” хонд ва дигарбора орзуи кишварашро такрор кард, ки мехоҳад, Саакашвилӣ дар сари қудрати Гурҷистон набошад: "Дар робита ба Саакашвилӣ. Ба андешаи ман барои тамоми шаҳрвандони Гурҷистон ва ҳар як кас дар ҷаҳон возеҳ аст, ки Гурҷистон бо Саакашвилӣ оянда надорад. "

Дигар ин ки Сергей Лавров - вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, ки дар нишасти Шӯрои НАТО-Русия, ки ба рӯзи 19 май барномарезӣ шудааст, ширкат намеварзад. Танҳо як ҳафта пеш аз ин НАТО тамосҳои расмиаш бо Русияро аз сар гирифт, ки ин равобит дар натиҷаи ҷанги Русия бо Гурҷистон мутаввақиф шуд. Т

еъдоде аз кишварҳои шӯравии собиқ ҳам, ки дар феҳрасти ширкаткунандагони размоиш буданд, аз ин қарорашон даст кашида ва ба тамринҳо наомаданд, аз ҷумла Арманистон, Қазоқистон ва Молдова. Ва ҳамингуна Сербия як шарики Русия аз Аврупо. Танҳо рӯзи сешанбе маълум шуд, ки Арманистон дар тамринҳо ширкат намеварзад. Қазоқистон чанд ҳафта пеш тасмими шабеҳи худро эълом карда буд. Роуз Готтемёллер – ёвари вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе гуфт, ширкат дар чунин тамринҳои НАТО ба худи ҳар кишвар вобаста аст: “Ман сабабҳои тасмими Қазоқистонро дақиқ намедонам. Мумкин аст, ба масоили буҷа ва ё масоили хусусӣ вобаста бошад. Ман дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Аммо ба андешаи ман, ширкат кардан ва накардан дар чунин тамринҳои эътилоф бояд ба худи кишварҳо вобаста бошад. “

Брайан Вайтман – сухангӯи вазорати дифоъи Амрико гуфт, кишвараш аз ҷузъиёти ками ошӯб дар воҳиди низомии Гурҷистон огаҳ аст, аммо ин ба ҳеҷ сурат, ҳимояти дарозмуддати Амрико аз Гурҷистонро тағйир нахоҳад дод.


XS
SM
MD
LG