Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти халъи силоҳи ҳастаӣ дар Маскав


ИМА ва Русия музокирот оид ба таҳияи созишеро шурӯъ карданд, ки бояд ҷойгузини паймони аз замони “ҷанги сард” ба меросмондаи халъи таслиҳоти стротежӣ шавад.

Мӯҳлати эътибори Паймони халъи таслиҳоти стротежӣ, ё худ START, моҳи декабри соли равон ба поён мерасад. Ҳадс зада мешавад, ки се рӯзи музокирот дар фазои созанда сипарӣ хоҳад шуд, зеро Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз ҷонибдорони сарсахти халъи таслиҳоти ҳастаист ва ин мавзӯъро аз самтҳои аслии маъмурияти худ эълон кардааст.

Ҳадаф аз нишасти Маскав аз байн бурдани бархе аз ихтилофи назарҳо миёни ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ ва таҳияи пешниҳодҳо барои мулоқоти Барак Обама ва Дмитрий Медведев мебошад. Қарор аст, ки ин мулоқот рӯзи 6-уми июл баргузор шавад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Маскав дар робита ба музокироти ахир гуфт, “мо барои иҷрои дастури президентҳо Медведев ва Обама талош мекунем, ки дар Лондон ба ҳайатҳо махсус супориш доданд то ба коҳиши силоҳи иловагӣ муваффақ шаванд, ба ҷуз он ки аллакай ба даст омадааст”.

Гуфта мешавад, он чӣ, ки то имрӯз дар музокирот оид ба Паймони халъи таслиҳоти стротежӣ, ё худ START ба даст омадааст, фақат ибтидои халъи силоҳи воқеист. Тибқи созиши соли 1991 ҳосилшуда, ҳарду кишвар бояд, ки на бештар аз 6 ҳазор кулоҳаки ҳастаӣ ва 1600 системи кумакрасон, манзур - мушак, киштии зериобӣ ваё ҳавопайморо дар ихтиёр дошта бошанд.

Ва аммо, ба гуфтаи коршиносон, чанд омил метавонад дар роҳи таҳияи созишномаи нав монеа эҷод кунанд. Яке аз онҳо тарҳи ИМА барои дар Ҷумҳурии Чех ва дар Лаҳистон мустақар кардани системи зидди ҳамлаи мушакист. Вошингтон мегӯяд, ки ҳадаф аз ин нақша ҷилавгирӣ аз ҳамлаи мушакии Эрон ва Кореяи Шимолӣ ба Аврупост ва аммо Маскав онро таҳдид ба амнияти миллии худ арзёбӣ мекунад.

Дигар монеа дар пешрафт барои таҳияи созиши нав, аз нигоҳи коршиносон, шояд идомаи низоъ миёни Русия ва Гурҷистон баъд аз даргириҳои моҳи августи соли гузашта бигардад. Ҳамчун таъйиди ин ҳадсзанӣ, рӯзи душанбе ҳайатҳои Русия ва Осетияи Ҷанубӣ музокирот оид ба амният ва ҳалли мушкилоти башарии минтақа дар шаҳри Женеваро тарк намуданд. Онҳо далел пеш оварданд, ки Абхозистон, бо сабаби сари вақт нашр нашудани гузориш дар бораи фаъолияти ҳайати СММ дар минтақа, аз ширкат дар нишасти Женева сарпечӣ кардааст. Ин, ба истилоҳ, демарши Русия ва Осетияи ҷанубӣ боиси нигаронии миёнҷигарони байнулмилалӣ шуд, ки аз ҷонибҳои вориди музокирот даъват карданд то сари мизи гуфтушунид баргарданд.

Қарор аст гуфтушуниди ҳайатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия оид ба таҳияи созиши нави халъи силоҳи ҳастаӣ се рӯз идома ёбад. Дар ин музокирот ба ҳайати Амрико ёвари вазири умури хориҷаи кишвар Роуз Готтемёллер ва ҳайати Русияро раҳбари идораи амният ва халъи таслиҳоти вазорати умури хориҷа Анатолий Антонов сарварӣ мекунанд. Музокироти муқаддамотии ҳайатҳо дар ин мавзӯъ моҳи гузашта дар Рум доир шуда буд.
XS
SM
MD
LG