Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси САҲА ва Бишкек дар мавриди нозирон


Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ибрози ташвиш кардааст, ки Қирғизистон ширкати нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи президентиро маҳдуд мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Дамир Лисовский, раиси Комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон, таи як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ даъвои Иттиҳоди Аврупоро беасос хонд. Вай гуфт, таҳлили интихоботи президентии соли 2005 нишон дод, ки аз Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ҳамагӣ 145 нозир ширкат доштанд. Оқои Лисовский афзуд, дар интихоботи президентии 23 июл 150 нозири САҲА барои назорати раванди ройдиҳӣ ба Қирғизистон даъват шудаанд.

Ба гуфтаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон, эҳтимоли ширкати теъдоди аз ин бештари нозирони хориҷӣ дар интихоботи қарибулвуқуи президентӣ вуҷуд дорад. Бино ба суханони Дамир Лисовский, вале агар САҲА теъдоди аз ин бештари нозиронро ба Қирғизистон фиристад, онҳо мақоми нозирони байнулмилалиро дарёфт нахоҳанд кард. Ба гуфтаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳо, ин иқдом ба манзури коҳиши теъдоди нозирон сурат нагирифтааст.

Оқои Лисовский гуфт, комиссияи марказии интихобот пеш аз ҳама доираи васеи нозирони байнулмилалиро мадди назар гирифт. Ба гуфтаи ӯ, маҳз ба ин далел онҳо тасмим гирифтанд, ки аз минтақаҳои дигари ҷаҳон низ раванди интихоботи президентии 23 июл дар Қирғизистонро нозирон назорат кунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар интихоботи пешини президентии Қирғизистон дар ҳайати нозирони Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА 350 нафар шомил буданд. Дамир Лисовский гуфт, вале аксарияти нозирони байналмилалиро шаҳрвандони кишвараш ташкил медоданд, ки салоҳияти дороии ин мақомро надоштанд.

Ба таъкиди оқои Лисовский, ба меъёрҳои ширкати нозирони интихоботи қарибулвуқӯъ тағйирот ворид гардид, вале ин тағйирот ҳаргиз ба хотири коҳиши нозирони воқеан байналмилалӣ анҷом нагирифтааст, ки боиси нигаронии САҲА хоҳад шуд. Раиси комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон итминон дод, ки 23 июл дар кишвараш интихоботи шаффоф баргузор хоҳад шуд.

Бо наздикшавии интихоботи президентӣ теъдоди номзадҳое, ки барои ишғоли курсии раёсати ҷумҳури Қирғизистон муборизаро идома хоҳанд дод, аз 14 нафар ба даҳ нафар коҳиш ёфт. Ба ин тартиб Қурмонбек Боқиев - президенти вақти Қирғизистон, Алмосбек Атамбоев - собиқ нахуствазири ин кишвар ва номзади ягона аз Ҷунбиши иттиҳоди мардумӣ, Темир Сариев - раиси ҳизби «Ақ Шумқор» ва боз ҳафт номзади дигар баъди сабти ном дар Комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳо ба маъракаи таблиғоти пешазинтихоботӣ шурӯъ хоҳанд кард.

Комиссияи марказии интихобот тасмими ниҳоиро 23 июн баъди ба гарав мондани дуним ҳазорӣ доллари амрикоӣ аз тарафи ҳар кадоме аз номзадҳо эълон хоҳад кард. Вале қисмати аъзами коршиносони қирғиз бар ин назаранд, ки сабқати асосӣ барои ишғоли курсии раёсати ҷумҳури кишвар дар миёни Қурмонбек Боқиев ва кондид аз опозисиюн Алмосбек Атамбоев сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG