Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифoн интихоботро бекор карданд


Номзад аз ҳизби ҳокими Молдова Зинаида Гресианӣ (аз тарафи чап) бар асари бойкот шудани интихобот аз сӯи мухолифин интихоб нашуд
Номзад аз ҳизби ҳокими Молдова Зинаида Гресианӣ (аз тарафи чап) бар асари бойкот шудани интихобот аз сӯи мухолифин интихоб нашуд

Инкишофи вазъ дар Кишинев аз он шаҳодат медиҳад, ки ихтилофот миёни ҳизби ҳокими комунистӣ ва шахсиятҳои мухолифин рӯз ба рӯз амиқтар мешавад.

Собиқ президенти кишвар ва раиси парлумони феълии Молдова Владимир Воронин вакилони мухолифинро ошкоро дар он муттаҳам намуд, ки онҳо бо таҳрими раъйдиҳии имрӯза порлумонро парешон кардаанд:

“Ба хотири он, ки дар раъйдиҳӣ ҳамагӣ 60 вакил ширкат варзид, натиҷаҳои овоздиҳии маҳрамона ҳокӣ аз он аст, ки ягон номзад 61 овози зарурӣ, яъне ду сеяки овозҳои тамоми вакилонро ба даст наовард. Ва ин ба таҳрими интихоботи раисиҷумҳури Молдова дар таърихҳои 20 май ва 3 июн овард. Дар ин шароит мо метавонем изҳор кунем, ки шароите ба амал омадааст, ки расман аз парешонии порлумони Молдова зимни маҷмаъи 17-уминаш шаҳодат медиҳад”.

Номзад ба мақоми президентӣ аз ҷониби ҳизби ҳокими коммунистӣ, иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири кишвар Зинаида Гресианӣ бори дигар натавонист ҳатто ба як раъйи вакилони мухолиф ноил гардад. Дар муроҷиаташ ба қонунгузорон пеш аз овоздиҳӣ Гресианӣ ҳушдор дода буд, ки агар ин бор ҳам раисиҷумҳур интихоб нашавад, барои Молдова ин паёмади бадтарине хоҳад дошт.

Дигар намояндаи ҳизби коммунистӣ баъд аз поёни раъйдиҳӣ гуфт, ки таъини интихоботи нав барои Молдова девонагие буд, ки чунин кишвари қашоқшуда тавони онро надошт. Мария Постоису, раҳбари гурӯҳи порлумонии комунистон паёмадҳои манфии интихоботи пешазмӯҳлатро номбар кард:

“Мо маҷбур мешавем иҷроиши ваъдаҳоямонро ба таъхир гузорем, яъне хосту талабҳои интихобкунандагонро. Шароити бизнес аз ин зарар хоҳад дид ва сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар коҳиш меёбад. Обрӯи байнулмилалии Молдова низ зарар мебинад. Ва ин танҳо яқ қисми он нархе, ки мо барои ин таҳаввулоте ки имрӯз, 3 июн, дар порлумон ба амал омадааст, хоҳем пардохт”.

Бо вуҷуди ин пешвоёни мухолифин аз инкишофи вазъ ҳамчун марҳалаи муҳим барои кишвар истиқбол намуда гуфтаанд, ки ин шонсест барои интихоби порлумони нав бо ваколатҳои густардатар. Бино бар тақаллубкориҳои зиёд бисёриҳо дар мавриди мунсифона будани интихоботи порлумонии моҳи апрел изҳорӣ шубҳа мекарданд ва дар натиҷа мардум бо нишони эътироз ба кӯчаҳо рехта буданд. Дар бетартибиҳои хиёбонии он рӯзҳо ду шахс ба ҳалокат расид.

Корина Фуса, муовини раиси ҳизби либералӣ, интихоботи навро истиқбол намуда, гуфт, “баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат ҳадафи аслӣ набуд. Мо бовар дорем, ки интихоботи зудҳангом ин шонсест барои шифо ёфтани Молдова, ин бозгашт ба вазъи муқарарӣ ва қонуният аст”.

Бе натиҷа анҷомидани раъйдиҳӣ маънои онро дорад, ки Воронин, ки дар авоили моҳи ҷорӣ раиси порлумон интихоб гардид, ба иҷрои вазифаи раёсатҷумҳурӣ идома хоҳад дод. Дирӯз вай Гресеаниро ба мақоми нахуствазири муваққати таъин намуда, аз вай хост то 10 июн ҳукуматро ташкил диҳад. Таърихи дақиқи интихоботи нав дар наздиктарин рӯзҳо аз ҷониби президент муайян хоҳад шуд.

Пешвоёни мухолифин дирӯз изҳори умедворӣ намуда буданд, ки он якдилие, ки дар тӯли ду моҳи охир онҳо намоиш доданд, дар ниҳоят ба тағйири харитаи сиёсии Молдова хоҳад овард ва нерӯеро ташкил хоҳад кард, ки тавони рақобат бо комунистонро дошта бошад.
XS
SM
MD
LG