Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лубнон порлумони навро интихоб мекунад


Мардуми зиёде дар қитъаҳои интихоботии Лубнон навбат мепоиданд, то дар интихоботе, ки ояндаи сиёсии кишварро шакл хоҳад дод, ширкат варзанд.

Барои соҳиб шудан ба 128 курсии порлумон ду эътилофи сиёсӣ бо ҳам рақобати шадид доранд. Аввалӣ эътилофи ҳукмрони ҳозира, ки аз тарафи кишварҳои ғарбӣ ҳимоят мешавад ва дуввумӣ - гурӯҳи тундрави шиамазҳаби «Ҳизбуллоҳ», ки онро Сурияву Эрон ҳимоят мекунанд.

Танҳо чанд курсӣ кофист, ки яке аз ин гурӯҳҳо ғолиби интихобот шавад ва ҳаққи таъсиси ҳукумати нави Лубнонро ба даст орад. Натиҷаҳои расмии раъйдиҳиро рӯзи душанбе эълон хоҳанд кард.

Мишел Сулаймон, раисиҷумҳури Лубнон, ки субҳи барвақти якшанбе раъй дод, аз 3 миллиону 200 ҳазор нафар мардуми бархурдор аз ҳаққи раъй дар ватанаш даъват кард, то ба ӯ пайравӣ намоянд.

Саъд Ҳарирӣ, писари нахуствазири собиқ ва тероршудаи Лубнон - Рафиқ Ҳарирӣ, ҳам аз лубнониҳо даъват кард, то ба интихобот биёянд. Саъд Ҳарирӣ, ки раҳбари эътилофи сиёсии ҳукмрони Лубнон аст, баъди раъдиҳӣ дар шаҳри Бейрут ба хабарнигорон гуфт, "мо барои дифои демкоратия ҳама корро мекунем. Ман ба лубнониҳо муроҷиат мекунам, ки берун биёянд ва ба ҳар касе, ки мехоҳанд, раъй бидиҳанд».

Даҳҳо нозирони хориҷӣ, аз ҷумла Ҷиммӣ Картер – раисиҷумҳури собиқи Амрико, интихоботи Лубнонро назорат карданд. Ҷиммӣ Картер зимни сӯҳбат дар як қитъаи интихоботӣ дар шаҳри Бейрут, аз аҳзоби сиёсии Лубнон ва ҳомиёни хориҷиашон хост, то натиҷаҳои интихоботро бипазиранд.

Бар асоси натиҷаҳои ин раъйдиҳӣ ҳукумати чаҳор соли ояндаи Лубнонро шакл хоҳад гирифт. Пирӯзии гурӯҳи «Ҳизбуллоҳ» бо шариконаш, ки он гурӯҳро Амрико созмони террористӣ медонад, метавонанд сабаби дар инзиво мондани Лубнон ва эҳтимолан танишҳои нав бо Исроил шавад. Ҳамчунин нуфузи Эрону Сурия аз ҳомиёни аслии «Ҳизбуллоҳ»-ро дар минтақа тақвият диҳад.

Эътилофҳои рақиб дар ҳукумати Лубнон дар чанде аз мавзӯъҳои давлатӣ ихтилофи назар доранд, аз ҷумла бар сари муносибот бо Сурия, ва сарнавишти артиши партизании «Ҳизбуллоҳ», ки онро назар ба нерӯҳои давлатии Лубнон қавитар медонанд.

«Ҳизбуллоҳ» мегӯяд, артишаш барои дифои Лубнон аз Исроил бисёр муҳим аст. Интихоботи Лубнон пас аз чанд соли вазъи бӯҳронии сиёсӣ дар ин кишвар баргузор шуд.

Баъди қатли Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири собиқи Лубнон, дар соли 2005 эътилофи нерӯҳои ғарбгарои Лубнон дар интихобот пирӯз шуда, ҳукуматро ташкил доданд, вале бинобар мубориза барои қудрат бо «Ҳизбуллоҳ»-у шариконаш кори зиёде карда натавонистанд.
XS
SM
MD
LG