Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Вошингтон аз тасмими Минск


Шаҳрванди Амрико Эмануел Зелтсер соли 2008 бо иттиҳоми ҷосусӣ аз ҷониби додгоҳи Белорусия маҳкум ба зиндон шуда буд
Шаҳрванди Амрико Эмануел Зелтсер соли 2008 бо иттиҳоми ҷосусӣ аз ҷониби додгоҳи Белорусия маҳкум ба зиндон шуда буд

Амрико тасмими раисиҷумҳури Белорусия Александр Лукашенко дар бораи авфи шаҳрванди ИМА Эмануэл Зелтсерро хуш пазируфт.

Вакили дифоъ Эмануел Зелтсер моҳи марти соли 2008 бо иттиҳоми пешниҳоди асноди тақаллубӣ ва ҷосусӣ аз ҷониби додгоҳи Белорусия ба муҳлати 3 сол маҳкум ба зиндон шуда буд.
Зимни мулоқоти ҳайати конгресменҳои амрикоӣ бо раисиҷумҳур Лукашенко дар Минск намояндагони конгрес аз сарвари Белорусия хостанд, барои озод кардани Зелтсер тамоми имконоташро истифода барад.

Дар ин мулоқот Лукашенко таъкид кард, ки шаҳрванди Амрико қонунҳои Белорусияро вайрон кардааст ва инро ҳатто иҷрокунандаи вазифаи сафири Амрико Джонатан Мур инкор намекунад. Раисиҷумҳури Белорусия аммо афзуд, ки тибқи қавонини Белорусия, президент метавонад Зелтсерро бубахшад ва агар ин иқдом ба беҳбуди равобити ду кишвар мусоидат кунад, вай амри авфро фавран имзо хоҳад кард.

Дирӯз сухангӯи президенти Белорусия хабар дод, ки Лукашенко ваъдаашро иҷро кард ва зери амри авфи Зелтсер имзо гузошт. Чанд соат баъд аз ин эълон Зелсер маҳбасро тарк намуд.

Дар Вошингтон сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Ян Келлӣ гуфт, ки ИМА аз ин гоми Минск истиқбол мекунад, аммо барои ба роҳ мондани равобити дустона миёни ду кишвар Белорусия бояд гомҳои баъдӣ низ бардорад.

Вай азфду, “дар равобити дуҷонибаи мо ин мушкили аслӣ буд. Албатта, дар робита ба баъзе фаъолиятҳои ҳукумати Белорусия мо дигар нигарониҳо низ дорем. Вале мо бисёр хушнудем, ки ин монеъа аз байн бурда шуд ва мо агар зарур шавад сиёсатҳоямонро бознигари хоҳем кард.”

Вошингтон озодшавии Зелтсерро шарти асосии азсаргирии муносибот бо Минск эълон карда буд. Амрико қаблан дар робита ба саломатии Зелтсер изҳори нигаронӣ карда чанд бор хостори раҳоии ӯ шуда буд, аммо Минск ҳар дафъа ин даъватҳоро рад мекард.
XS
SM
MD
LG