Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Рӯзи истиқлолиятро таҷлил мекунад


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрӯз 233-юм Солрӯзи истиқлолияти худро таҷлил мекунад.

Амрико дар соли 1776 дар рӯзи 4-уми июл бо ба тасвиб расидани Эъломияи истиқлолият аз сӯи Конгресси ИМА соҳибистиқлол гардид.

Ба даст овардани ин истиқлолият осон набуд. Беш аз як соли набарди озодихоҳони амрикоӣ таҳти раҳбарии генерал Ҷорҷ Вошингтон артиши Бритониёро, ки ин кишварро таҳти контрол нигоҳ медошт, маҷбур кард Амрикоро тарк кунад. Ва Амрикои тоза ба истиқлол расида дар муддати кутоҳе ба кишвари абарқудрати минтақаӣ ва баъдан ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Ҷашни Рӯзи истиқлолият дар иёлатҳои гуногуни Амрико бо шукӯҳи хос ҷашн гирифта мешавад. Ҳазорҳо мардум ба хиёбонҳову боғҳо мерезанд ва бо сайругашти дастаҷамъӣ ва барномаҳои фароғативу варзишӣ аз ин рӯз истиқбол мекунанд.

Чун ҳарсола ҷашни асосӣ ва бошукӯҳи истиқлолият дар шаҳри Ню Йорк дар пояи Муҷассамаи Озодӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG