Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии корманди сафорати Бритониё аз зиндони Эвин


Эрон як корманди маҳаллии сафорати Бритониё дар Теҳронро пас аз 3 ҳафтаи боздошт дар ивази пули гарав раҳо кард.

Абдулсамади Хуррамшоҳӣ, вакили дифоъи Ҳусейни Рассом дар пайи берун шудани нафари муваккилаш аз дарвозаи зиндони Эвин дар як тамоси телефонӣ ба хабарнигори Франс Пресс гуфт, ки ҳоли ӯ хуб аст ва ба назар намерасад, ки кадом мушкиле дошта бошад.

Вакили дифоъи Ҳусейн Рассом қаблан гуфта буд, ки дар баҳои раҳоии муваккилаш, ки дар сафорати Бритониё ба ҳайси коршиноси аршади масоили сиёсӣ ифои вазифа мекунад, 100 000 доллар пули гарав пардохт кардаанд.

Ҳусейни Рассом ҳамроҳ бо 8 корманди дигари сафорати Бритониё ҳанӯз рӯзи 27 июн боздошт шуда буд ва то имрӯз аз он ҷамъи дастгиршудагон танҳо нафаре монда буд, ки ҳамчунон дар боздошт ба сар мебурд. Мақомоти Эрон ӯ ва сафорати Бритониёро ба дасти дахолат доштан дар тазоҳуроту раҳпаймоиҳои густардаи эътирозӣ дар пайи эълони натоиҷи интихоботи рӯзи 12 июни раёсатҷумҳурии Эрон айбдор мекарданд.

Вазири умури хориҷии Бритониё Девид Миллибанд дар баёнияе, ки тавассути дафтари ӯ нашр шуд, аз раҳоии Ҳусейни Рассом истиқбол ва ҳамзамон ин нуктаро такрор кардааст, ки боздошти кормандони сафорати Бритониё амале “комилан ғайриодилона” буд.

Боздошти кормандони сафорати Бритониё мавҷи интиқодҳои байналмилалиро ба бор оварда, мояи таниши сахте дар равобити Теҳрон бо Лондон шуд. Сарвазири Бритониё Гордон Браун дар ду ҳафтаи қабл ба Эрон ҳушдор дода буд, ки агар ба ин амалаш идома диҳад, Иттиҳодияи Аврупо маҷбур мешавад, алайҳи Теҳрон муштаракан иқдом кунад.
XS
SM
MD
LG