Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон имрӯз интихобот дорад


Ҳудуди 2 миллиону 900 ҳазор мардуми воҷиди шароити раъй дар ин кишвар бояд аз байни 6 номзад раҳбари Қирғизистон барои 4 соли ояндаро интихоб кунанд. Номзади аслӣ аммо раисиҷумҳури кунунӣ Қурмонбек Боқиев дониста мешавад, ки ба хотири дарёфти давраи дуввуми раёсат вориди корзор шудааст. Аз байни номзадҳои дигар рақиби аслии ӯ шояд сарвазири собиқ Алмос Атамбоев бошад.

Мухолифин ҳанӯз қабл аз шурӯъи райъгирӣ Боқиевро ба сӯъиистифодаи фаровон аз мақоми хидматиаш ба хотири тарғиби номзадии худ ва ҳам аз эҳтимоли истифода аз манобеъи маъмурӣ ва ҳам аз дасткориву тақаллуб ба манзури таъмини пирӯзии бидуни чунучарои раисиҷумҳурӣ феълӣ ҳушдор медиҳанд. Аммо Қурмонбек Боқиев ба навбаи худ рақибонашро аз ҳар навъ талоши эҷоди беназмӣ дар пайи интихобот ҳушдор дода гуфтааст, ки давлат аз чунин талошҳо бо истифода аз имконот ва қудрате, ки дорад, ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Дар ҳар сурат, Қирғизистон имрӯз, 23 июл, вориди рӯзи барои таърихи навинаш муҳиме мешавад ва ин интихобот таъйин хоҳад кард, ки Қирғизистон, ин кишваре, ки як замон ҳамчун “ҷазираи демократия” дар Осиёи Марказӣ ном бароварда буд ва танҳо кишваре дар ин минтақа аст, ки ҳокимони кунуниаш тавассути инқилобҳои ранга ба қудрат расидаанд, акнун аз кадом роҳ пеш хоҳад рафт.

Ҳамкори мо Мирасрори Фарғонӣ ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистонро ба таври мустақим аз Бишкек пайгирӣ мекунад. барои шунидани нахустин сӯҳбати ӯ аз ҷараёни раъгирӣ тугмаи "Бишнавед"-ро дар тарафи рост зер кунед.
XS
SM
MD
LG