Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо чашм ба Молдова дӯхтааст


Масъулини Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, интихоботи раёсатҷумҳурии Молдоваро зери заррабин қарор хоҳанд дод.

Масъулини Иттиҳодия ин маъракаи сиёсиро барои ин кишвари собиқ шӯравӣ сарнавиштсоз мехонанд.

Молдова аз кишварҳои узви Рафоқати шарқии Иттиҳодияи Аврупост, ки моҳи майи соли равон созмон ёфт ба он боз панҷ кишвари дигари собиқ шӯравӣ - Белорусия, Украина, Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон шомиланд.

Молдова бо Иттиҳодияи Аврупо марзҳои муштарак ва бо яке аз кишварҳои узви Иттиҳодия Руминия забону фарҳанги наздик дорад. Ҳамчунин дар қаламрави ин кишвар, ба истилоҳ, камхатартарин низоъи мунҷамидшуда аз ҳамин гуна низоъҳо дар қаламрави шӯравии собиқ, манзур низоъ дар Приднестрове мавҷуд аст. Ва ин ҳама, аз нигоҳи коршиносон, Брюсселро водор мекунанд, ки ба Молдавия таваҷҷуҳи ҳарчӣ бештар зоҳир кунад.

Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла, интихоботи парлумонии рӯзи 29 июл ва бо чӣ натоиҷ поён ёфтани ин маъракаро дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст.

Намояндаи Комиссиюни Аврупо Амадеу Алтафай мегӯяд, ки баъд аз интихоботи рӯзи 5 апрел, ки эълони натоиҷи он боиси нооромиҳо дар кишвар ва жарфтар шудану муқовимат миёни ҳукумату мухолифин гардид ва оқибат бо пароканда шудани ин органи қонунбарор анҷом ёфт, интихоботи такрорӣ ба парлумони Модавия барои кишвар имтиҳони ҷиддӣ ва сарнавиштсоз хоҳад буд: “Он чӣ мо аз интихоботи рӯзи 29 июл дар Молдавия интизор дорем – ин намоиши ӯҳдадориҳо аз сӯи мақомот ва ҳама нерӯҳои манфиатдори сиёсӣ дар баробари арҷгузорӣ ба демократия мебошад. Ниҳодҳои амалкунанда ва демократияи амалкунанда барои фардои бо суботи Молдавия ва ҳама минтақа басо муҳиманд”.

Ҳарчанд мақомоти Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди интихоботи такрорӣ бо ширкати 8 ҳизби сиёсӣ дар маъмӯъ хушбинанд, баъзеҳо гомҳои бардоштаи ҳукумати коммунистии Молдавия баъд аз интихоботи рӯзи 5 апрелро ҳадафи танқид қарор додаанд.

Дар як мусоҳиба, ки ҳафтаи гузашта дар сомонаи интернетии Шӯрои вазиронии Иттиҳодияи Аврупо нашр шуд, Калман Мижей, фиристодаи вижаи Иттиҳодия дар умури Молдавия, гуфтааст, ки иттиҳомоти шадидуллаҳни фаъолони мухолифин ва ҳукуматдорон фазои маъракаи интихоботиро заҳролуд сохтааст.

Ӯ ҳамчунин изҳороти қаблии Иттиҳодияи Аврупоро такрор намудааст, ки тибқи он саркӯбсозии тазоҳуроти рӯзи 7 апрел дар Кишенёв афзоиши бесобиқаи нақзи ҳуқуқи башар дар кишварро ба думбол дошт. Фиристодаи вижаи Иттиҳодия дар умури Молдавия ҳамчунин гуфтааст, ки баъд аз ҳаводиси моҳи апрел озодии баён ва озодии расонаҳои хабарӣ коҳиш ёфтааст.

Дар сӯҳбатҳои хоса дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳамчнуин мегӯянд, ки Кишинев дар иҷрои ваъдаи худ барои тафтиши ҳаводиси моҳи апрел оҷиз монд. Ва аммо ҳамзамон бо ин Иттиҳодияи Аврупо аз тағйироти на он қадар бузург дар қонуни интихобот истиқбол кард, ки ин қонун майдони ҳарбу зарбро барои мухолифин андаке васеъ кардааст.

Гуфта мешавад, дар ҳоле, ки раисиҷумҳури Молдавия мехост ба суолҳои зиёди Иттиҳодияи Аврупо баъд аз интихоботи парлумонии 5 апрел посух бигӯяд, сафари ӯ ба Брюсел дар авоили ҳамин моҳ лағв карда шуд. Манбаъҳои Иттиҳодияи Аврупо ин тасмимро бо ихтилофи Кишинёв ва Руминияи ҳамсоя марбут мекунанд – ҳукумати Молдавия дар ҳаводиси моҳи апрел ва ташкили нооромиҳо дар пойтахт мақомоти Руминияро муттаҳам карда буд.

Ба думболи ин иттиҳом Кишинёв эълом дошт, ки барои шаҳрвандони Руминия раводид ҷорӣ мекунад. Иттиҳомот алайҳи Бухарест идома дорад – миёнаҳои моҳ Кишинёв кишвари ҳамсояро бори дигар дар дахолат ба умури Молдавия ва пуштибонӣ аз аҳзоби мухолиф ба хотири ғасби ҳукумат дар Молдавия айбдор кард.

Дар ҳамин ҳол бархе аз кишварҳои Иттҳоҳдияи Аврупо, ки маҳфили дӯстони Русия номгузорӣ шудаанд, сиёсати худ дар баробари Молдавия ва дигар ҳамсояҳои шарқии худро ба истилоҳ бо як чашм сӯи Маскав пеш мебаранд. Аз ҷумла Олмон ва Лаҳистон талош доранд, ки низоъро аз роҳи водор сохтани Молдавия барои лағви раводид бо Руминия ҳалу фасл кунанд.

Аз сӯи дигар гуфта мешавад, айни ҳол дасту пои Иттиҳодияи Аврупо барои кумак дар берунрафти Молдавия аз вазъи сангини иқтисодӣ бастааст ва ҳамлаҳои пайвастаи ҳукумати Молдавия ба кишвари узви Иттиҳодия дастёбӣ ба кумаки хориҷиро сангин сохтааст. Талошҳои Молдавия барои дарёфти қарз аз сӯи Сандуқи байнулмилалии пул ноком анҷом ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол Русия хоҳиши Кишинёв барои кумаки 500 миллион доллариро пазируфт ва аллакай 250 миллиони онро дар ихтиёри ҳукумати Молдавия гузошт.
XS
SM
MD
LG