Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби сӯгворон дар Теҳрон


Дар он қабристон ҳазорҳо фарди азодор ба ёдбуди кушташудагони гирдиҳамоиҳои баъди интихоботӣ ҷамъ шуда буданд. Ба қавли шоҳидон шумори зиёди мухолифини президент Аҳмадинажод ва аз ҷумла як коргардони маъруф боздошт шуданд.

Рӯзи панҷшанбе дар қабристони Биҳишти Заҳрои канори шаҳри Теҳрон дар 40-умин рӯзи куштори Нидо Оқо Султон ва чандин қурбонии дигари эътирозҳои мухолифини президенти Маҳмуди Аҳмадинажод ҳазорҳо фарди азодор ҷамъ шуданд.

Дар ин маъарака раҳбарони мухолифини эронӣ Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ низ ҳузур доштанд. То ҳанӯз рақами дақиқи қурбониҳои он ба истилоҳ "шанбеи хунин" дақиқ нашудааст.

Дар сӯҳбат бо Радиои Фардо шоҳидони маросими ёдбуд дар Биҳшти Заҳро гуфтанд, азодорон аз мардум даъват кардаанд, ки хавфро канор гузоранд.

Тавре дар гузоришҳо омадааст, ҳамагӣ чанд дақиқа пас аз вуруди Мӯсавӣ ба ӯ дастур додаанд, ки аз минтақа берун шавад.

Ба гуфти як иштирокчии маросими ёдбуд полис азодоронро латукӯб намуда, чанд нафари онҳоро ба ҳабс гирифт.

Полиси эронӣ коргаронди маъруф Ҷаъфар Паноҳиро, ки барои гуогузорӣ дар сари қабри хонум Нидо ба Биҳишти Заҳро рафту буд. Боздошт намуд. Ҳамчунин бар пояи ахбори расида коргардони дигар, зан Моҳноз Муҳаммадӣ ҳам ҳабс шудааст.

Полис аксаран онҳоеро, муҷозот кардааст, ки ба қабри Нидо Оқо Султон хонуми 27 солаи эронӣ наздик мешуданд. Ӯро ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Эрон дар моҳи июн ба қатл расонда буданд.

Лаҳзаҳои ахири ҳаёти Нидоро касе дар телефони дастӣ ба навор гирифта, дар интернет ҷой дода буд. Наворро миллионҳо нафар тамошо карданду Нидо ба рамзи мубориза бо режими президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва пирӯзии баҳсбарангези ӯ дар интихоботи президентии 12 июн табдил ёфт.

Дар сӯҳбат бо Радиои Фардо модари Нидо гуфт, ки мехоҳад рӯзи панҷшанбе аз оромгоҳи духтараш зиёрат кунад, вале баъдан манбаъҳои қобили эътимод иброз доштанд, ки бо баъзе сабабҳо ӯ ба Биҳишти Заҳро рафта наметавонад.

Қаблан Мусавӣ ва Каррубӣ аз мақомот дархост намуда буданд, ки ба онҳо ва тарафдоронашон ҷамъомад дар масҷиди Мосаллои Теҳронро иҷозат диҳанд.

Шоҳидон мегӯянд, вақте Муксавӣ аз Биҳишти Заҳро ба Масҷиди Мосалло рафт, мардум ӯро бо шиорҳои ё Ҳусейн, Мирҳусейн пешвоз гирифтанд.

Рӯзи 27 июл аснои мулоқот бо муаллимон Мусавӣ гуфта буд, ҳар фарде бояд имкони азодорӣ дошта бошад.

Вале вазорати корҳои дохилӣ ба баргузории ин ҷамъомад иҷозат надод.

Мансабдорони эронӣ мегӯянд, ки дар гирдиҳамоиҳои эътирозии баъди интихоботи президентии Эрон тахминан 30 кас кушта шуданд.
Вале ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки шумори қурбониҳо бештар аст.

Созмони ғайридавлатии Рӯзноманигорон бидуни марз, ки мақарраш дар Фаронса аст, таъкид мекунад, мақомоти Эрон иттилоъ додаанд, ки собиқ Рӯзноманигор Алиризои Ифтихорӣ 15 июн ба ҳалокат расида буд ва то кунун шароити фавти ӯ маълум нест.

Аммо баъзе манбаъҳо ба созмони ҳомии рӯзноманигорон гуфтаанд, ки ифтихорӣ аз латту кӯб ба ҳалокат расидааст. Шуморе аз рӯҳониёни ислоҳотталаб ва дар байни онҳо собиқ президенти Эрон М уҳаммади Хотамӣ таъқиби эътирозгаронро маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG