Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба таҳримҳои бештар бар Эрон


Садри аъзами Олмон мизбони сарвазири Исроил аст
Садри аъзами Олмон мизбони сарвазири Исроил аст

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, агар Эрон то моҳи сентябр майлашро барои гуфтушунид перомуни барномаи ҳастаиаш намоиш надиҳад, бо таҳримҳои нав дар бахшҳои энержӣ ва молӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ин таъкиди сарвари Олмон дар нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу садо дод.

Раисҷумҳури Амрико Барак Обама низ ба Эрон мӯҳлат дода буд, то моҳи сентябр пешниҳоди шаш қудрати ҷаҳониро қабул кунад ва дар ивази имтиёзҳои иқтисодӣ аз барномаи баҳсбарангези ҳастаиаш даст кашад. Дар акси ҳол, гуфта буд Обама, Теҳронро таҳримҳои шадидтари байнулмилалӣ интизоранд.

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, ки ба Олмон сафари расмӣ анҷом медиҳад, низ ба афзоиши фишори байнулмилалӣ ва ташдиди таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ алайҳи Эрон даъват намуд. Вай гуфт, агар қудратҳои ҷаҳонӣ ҳамсадо шаванд ва дар баробари Эрон мавқеъи ягонаро бигиранд, имкони овардани фишори воқеъии иқтисодӣ ба Теҳрон вуҷуд дорад.

Мақомоти Эрон борҳо гуфтааст, ҳеҷ гуна мӯҳлат барои гуфтушуниди ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳониро қабул надорад ва аз ғанигардонии уран даст нахоҳад кашид. Теҳрон чандин бор ваъда дода буд, ки пешниҳоди панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ бо иловаи Олмонро баррасӣ намуда, ба он посух хоҳад дод.

Ғарб Эронро муттаҳам мекунад, ки мехоҳад зери пӯшиши барномаи сулҳомези ҳастаӣ силоҳи атомӣ тавлид кунад, аммо Теҳрон ҳамаи ин иттиҳомотро қатъиян рад мекунад ва мегӯяд, барномаи ҳастаиаш сулҳомез аст ва мақсадаш тавлиди нерӯи арзони барқ мебошад.

Бенямин Нетаняҳу, ки аз мухолифини аслии барномаи ҳастаии Эрон маҳсуб мешавад, ба эъмоли таҳримҳои фалаҷкунанда даъват кард. Вай гуфт, барои мутаввақиф кардани барномаи баландпарвозонаи ҳастаии Эрон фурсати зиёд намондааст. Вай суханони вазири хориҷаи Амрико Ҳиллари Клинтонро дастгирӣ намуд, ки гуфтааст, агар Теҳрон барномаи ҳастаиашро мутаваққиф накунад, дар он сурат алайҳаш бояд таҳримҳои сахте эъмол шаванд.
XS
SM
MD
LG