Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоиши мушакҳои нав дар Эрон


Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон партоби озмоишии ду навъи мушакҳои дурпарвозеро, ки ҳар кадом тавони парвоз ба ҳудуди 2000 километрро доранд, анҷом дод. Тавоноии ин мушакҳо барои асобат ба қаламрави Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар халиҷи Форс кифоят мекунад.

Бино ба хабарҳо, сипоҳи посдорони инқилоб рӯзи 28 сентябр мушаки Шаҳоб-3 ва мушаки дузинаии дурпарвози Сеҷилро озмоиш кардааст. Фармондеҳи нирӯҳои ҳавоии Сипоҳ генерал Ҳусейн Саломӣ изҳор дошт, ки озмоиши мушакҳо бомуваффақият анҷом ёфтааст.

Озмоишҳои рӯзи 28 сентябр ва ҳамин тавр, озмоишҳои як рӯз қабли мушакҳои миёнапарвози Эрон оташи танишҳои мавҷуда байни кишварҳои сершумори Ғарб ва Ҷумҳурии исломӣ бар сари барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Теҳронро алангаи бештар дод. Эрон дар ҳафтаи гузашта эълон кард, ки алакай ба бунёди корхонаи дуввуми ҳастаияш дар наздикии шаҳри Қум шурӯъ кардааст.

Амрикову Бритониёву Фаронса ва қудратҳои дигари ғарбӣ Эронро ба маҳзи сохтани корхонаи наву “махфӣ”-и ҳастаӣ ба боди интиқод кашиданд, вале мақомоти Эрон бо тардиди ин интиқодҳо гуфтаанд, ки ин корхона “сирр”-е надорад. Теҳрон мегӯяд, тавре ки тақозо мешавад, Ожонси байналмилалии назорати нирӯи атомиро аз ин тасмимаш дар ҷараён қарор дода буд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон Ҳасани Қашқавӣ озмоишҳои ахири мушакиро бахше аз машқҳои низомие номид, ки боло бурдани иқтидори дифоъии Эронро ба ҳадаф доранд. Ҳасани Қашқавӣ дар зимн ҳар навъ иртибот миёни ин озмоишҳо ва барномаҳои ҳастаии Эронро радд кард.

Озмоишҳои ахири мушакӣ дар ҳолест, ки рӯзи 1 октябр намояндагони 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ - Амрикову Бритониёву Фаронса ва Чину Русия – бо иловаи Олмон роҳҳои ба иҷрои комили қатъномаҳои СММ ташвиқ кардани Эронро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳадаф аз ин ҳамоиши гурӯҳи мавсум ба “5 ҷамъи 1” ба ҳамкории пурра бо ҷомиаи байналмилалӣ ва ба боз кардани кулли иттилоот дар бораи фаъолиятҳои ҳастаияш ташвиқ кардани Эрон аст.

Кишварҳое, чун Амрикову Бритониёву Фаронса ва Исроил бар ин назаранд, ки барномаҳои ғайринизомии ҳастаии Эрон танҳо қадами аввал дар роҳи ба сохтани силоҳҳои ҳастаӣ даст ёфтани он кишвар аст. Иддаое, ки Теҳрон ҳамеша раддаш мекунад ва боисрор мегӯяд, ки танҳо ҳадафаш аз пешбурди фаъолиятҳои ҳастаӣ даст ёфтан ба тавлиди нирӯи барқ аст.
XS
SM
MD
LG