Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селоб дар Филиппин ҷони 240 нафарро гирифт


Бино ба маълумоти таъйидшуда, шумораи қурбониёни селобҳо дар саросари Филиппин ба 240 нафар расидааст.

Ҳукумати ин кишвар гуфтааст, об хонаҳои тақрибан 1 миллиону 900 ҳазор одам дар Манил - пойтахти кишвар ва атрофи онро зер кардааст. Тақрибан 380 000 нафар ба сарпаноҳи фаврӣ ниёз доранд.

Давлати Филиппин барои рафъи оқибатҳои ин офат аз кишварҳои хориҷӣ дархости кӯмак кардааст. Феълан ҳукумати ин кишвар тамоми барномаҳои тадорукотиро барои расонидани кумак ба оворагон сафарбар кардааст. Раисиҷумҳури Филиппин қасри худро барои қисме аз мардуми бесарпаноҳ вогузоштааст.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, гурӯҳҳои наҷотбахш ҳануз дар ҳоли берун кашидани ҷасадҳо аз зери гилу лой ва рӯдҳои туғёнкарда ҳастанд ва шумори кушташудагон метавонад аз 240 нафар ҳам бештар бошад.

Селоби шадид дар Филиппин рӯзи шанбе бар асари боришоти барзиёд рух додааст. Дар давоми 12 соат меъёри якмоҳаи борон боридааст, ки дар 40 соли ахир дар ин кишвар назир надоштааст.
XS
SM
MD
LG