Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи сабабҳои ҷанги Гурҷистон


Тибқи натиҷаҳои таҳқиқе, ки бо сарпарастии Иттиҳоди Аврупо ба анҷом расид, ҳарду ҷониби ҷанг дар нақзи қонунҳои башарӣ айбдор дониста шуданд.

Дар гузорише, ки дипломати швейтсарӣ, Ҳейдӣ Таглиавинӣ таҳия кардааст, гуфта мешавад, ки Гурҷистон ҷангро бо як ҳамлаи бедалел ба минтақаи ҷудоихоҳи худ Осетияи Ҷанубӣ сар кард. Сипас гуфта мешавад, истифодаи нерӯ аз тарафи Русия бо мақсади дифоъ дар марҳилаи аввал қонунӣ буд, аммо баъдаш "аз марзҳои қобили фаҳми дифоъ хеле берун рафт."

Дар гузориш инчунин гуфта мешавад, ки Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ҳаққи ҷудоӣ аз Гурҷистонро надоранд ва эътирофи Русия аз онҳо ба ҳайси давлатҳои мустақил хилофи қонунҳои байнулмилалист.

Дар гузориш омадааст, ки ҷанги панҷрӯза натиҷаи иғвогариҳо ва ташаннуҷи дурудароз буд ва ҳанӯз ҳам хатари муноқишаи нав боқист.

Сухангӯи аршади Кремл, Наталия Тимакова ба хабарнигорон гуфт, "аз он ки таҳқиқ нишон дод, Гурҷистон аввалин шуда ҷангро сар кардааст, мо фақат истиқбол мекунем."

Намояндаи Русия дар Иттиҳоди Аврупо, Владимир Чижов гуфт: "Гузориш тасдиқ ва посухи рӯшан ба саволест, ки ҷангро кӣ сар кард. Ошкоро гуфта мешавад, ки онро Гурҷистон бо ҳамлаи густардаи мушакӣ ва гулӯлаборони шаҳри Схинвалӣ дар шаби аз 7 ба 8-уми август сар кард. "

Вазири ҳамоиши қаламравҳои Гурҷистон, Темур Иакобашвилӣ дар нишасти хабарӣ дар Тифлис дар ин робита гуфт: "Мехоҳам таъкид кунам, дар ҳуҷҷат иддао намешавад, ки Гурҷистон ҷангро сар кард. Чунин шарҳи он ғалат хоҳад буд. ИН хел иддао дар гузориш нест. Гузашта аз ин, дар он гуфта мешавад, ҷанг на 7-ум ё 8-уми август сар шуд, балки иғвоҳои низомӣ муддати дароз таҳия гаштаанд."

Русия дар ин ҷанг нерӯҳои Гурҷистонро аз Осетияи Ҷанубӣ ва минтақаи дигари ҷудоихоҳ, Абхозистон берун ронда, ин манотиқро расман ба ҳайси давлатҳои мустақил эътироф кард.

Гуфтушунидҳои Русия ва Гурҷистон дар ҳалли омилҳои муноқиша, ҳарчанд то ҳанӯз натиҷа надодаанд, таҳти сарпарастии Иттиҳоди Аврупо идома меёбанд.
XS
SM
MD
LG