Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди "5+1" ва Эрон дар Женева


Дар шаҳраки Гентоди соҳили кӯли Женева мулоқоти панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо изофаи Олмон ва намояндаи Эрон оғоз ёфт.

Ин нишаст дар ҳоле ҷараён мегирад, ки дар арафаи он фишори байнулмилалӣ ба Теҳрон дар робита ба фаъолиятҳои ҳастаи он ба маротиб афзоиш ёфтааст. Се узви доимии Шӯрои Амният -- Иёлоти Муттаҳида, Британия ва Фаронса ифтитоҳи корхонаи дувуми ғанисозии уранро дар наздикии шаҳри Қуми Эрон шадидан танқид карданд.
...шаффофият дар ин ҷо сарнавиштсоз аст. Ҳамчунин қатъи ғанисозии уран дар Эрон тибқи талабҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал сарнавиштсоз мебошад."
...

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама гуфт, зарфият ва сохтори коргоҳи нав шубҳаи инро, ки Эрон зери ниқоби фаъолиятҳои осоиштаи ҳастаӣ дар пайи дастёфт ба силоҳи атомист, ҷиддан афзоиш дод.

Вай гуфт: "Эрон ба нерӯи ҳастаии осоишта ҳақ дорад, то ба ниёзҳои энержии мардумаш расидагӣ кунад. Аммо зарфият ва сохтори ин ниҳод бо барномаи осоишта муғойират дорад. Эрон қоидаҳоеро вайрон кард, ки бояд тамоми давлатҳо риоят кунанд. Ин -- ба хатар гузоштани режими адами густариш, маҳрум кардани мардуми худ аз имкониятҳои шоиста ва таҳдид ба эътидолу амнияти минтақаву ҷаҳон."

Ҳарчанд ҳарду тарафи музокироти шурӯъшуда мегӯянд, гуфтушунид бо ҳусни ният ва дар фазои мусбат оғоз ёфт, таҳлилгарон ба пайомадҳои он хушбин нестанд. Онҳо низ ба зиёдтар шудани шубҳа нисбат ба барномаи ҳастаии Эрон ишора мекунанд.

Рӯзномаи "Financial Times" ба нақл аз мақомоти истихборотии Британия менаивсад, Эрон аз соли 2004 ва ё аввали 2006 ба сохтани кулоҳакҳои ҳастаӣ пардохтааст. Ин хабар ба гузориши ниҳодҳои амниятии Амрико мухолиф аст, ки дар онҳо гуфта мешуд, Теҳрон чунин барномаро дар соли 2003 қатъ кард.

Коршиноси адами густариши силоҳи ҳастаӣ дар Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии омӯзишҳои стратегии Лондон, Марк Фитспатрик мегӯяд: "Эҳтимоли идома ёфтани ин кӯшишҳои Эрон дар шаклҳои гуногун мавриди таваҷҷӯҳи азим аст. Биноан шаффофият дар ин ҷо сарнавиштсоз аст. Ҳамчунин қатъи ғанисозии уран дар Эрон тибқи талабҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал сарнавиштсоз мебошад."

Дар мулоқоти Женев намояндаи Эрон бояд исбот кунад, ки барномаи ҳастаии кишвараш комилан осоишта аст ва Теҳрон дар пайи сохтани кулоҳакҳои ҳастаӣ нест. Масъалаи кулоҳакҳо дар пасманзари озмуни мушакҳои дурпарвози Эрон, ки гуфта мешавад, то Исроил ва пойгоҳҳои амрикоӣ дар минтақаи Халиҷи Форс хоҳанд расид, аҳамияти ҷиддӣ пайдо кардааст.

Инчунин аз Эрон тақозо мешавад, имконияти бозрасии коргоҳи дувуми ғанисозии уранро дар ихтиёри нозирони Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ гузорад.

Ҳамин мавзӯъ дар мулоқоти вазири умури хориҷии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ рӯзи чаҳоршанбе дар Вашингтон бо ду узви Конгресси Иёлоти Муттаҳида низ матраҳ шудааст.

Ба ақидаи таҳлилгарон мулоқоти Женев беш аз ҳама як саҳнаи дигари тасдиқи мавзеъҳои ду ҷониб, ҷомеаи байнулмилалӣ ва ҷумҳурии исломӣ хоҳад шуд. Ҳарчанд мавзеъгирии Русия дар баробари Эрон як андоза шиддат касб кардааст ва Чин ҳам аз таъсиси коргоҳи дувуми уран изҳори ноқаноатмандӣ кард, коршиносони ғарбӣ бар инанд, ки ин ду кишвар ҳамоно ҳимояти худро аз Эрон идома хоҳанд дод. Чин аллакай гуфтааст, муколамаи бештарро бар таҳримҳои нав бартарӣ медиҳад.

Агар ба аъзои доимии Шӯрои Амният таҳмили таҳримҳои нав ба Эрон муяссар шавад, ин чаҳорумин бастаи таҳримҳои зидди Теҳрон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG