Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Укроин: Зукоми хук ҷони 48 нафарро гирифт


Раисиҷумҳури Укроин эълон кардааст, ки шумори беморони зукоми хук дар ин кишвар ба 150 ҳазор нафар расида, 48 нафари онҳо даргузаштаанд.

Хабаргузориҳо ин иттилоъро аз қавли Виктор Юшенко, раисиҷумҳури Укроин, интишор кардаанд. Раисҷумҳури Укроин гуфтааст, ки барои пешгирӣ аз густариши ин беморӣ давлати Укроин матабҳову кинотеатрҳоро бастааст ва баргузории ҳар гуна консертро мамнӯъ эълон кардааст.

Юшенко гуфтааст, ин беморӣ дар минтақаи ғарбии ин кишвар оғоз шуда, густариши он ҳоло ба сӯи марказ мушоҳида мешавад.

Шӯрои Амнияти Миллии Украина рӯзи ҷумъа як барномаи 55 миллион доллариро барои пешгирӣ ва зери контрол даровардани ин беморӣ ба тасвиб расондааст.

Вале расонаҳои хабарии Укроин дар бораи камбуди шадиди доруҳои зидди бемории зукоми хук гузориш додаанд.
XS
SM
MD
LG