Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стратегияи нави Барак Обама барои Афғонистон


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА

Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама гуфт, ки ба зудӣ стратегияи нави Амрико дар қиболи Афғонистонро эълон хоҳад кард. Вай афзуд, чунин тарҳеро пешниҳод хоҳад кард, ки имкон диҳад “корҳоро” дар он кишвар ба фарҷом расонад.

Барак Обама зимни нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ гуфт, “баъд аз ҳашт соли ҷанг ва дар тӯли он солҳо мо на манобеъ ва на стратегияи анҷоми ин корро доштем. Ман мехоҳам, ин корро ба фарҷом расонам.”

Рузи 23 ноябр Обама бо мушовирони аршадаш дар бораи зарурати фиристодани нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон нишасти ҷамъбастӣ доир карда буд. Дар нишаст муовини раисиҷумҳур Ҷо Байден, котиби давлатӣ Ҳилларӣ Клинтон ва вазири дифоъ Роберт Гейтс ширкат варзиданд.

Баъд аз ҳашт соли ҷанг ва дар тӯли он солҳо мо на манобеъ ва на стратегияи анҷоми ин корро (масъалаи Афғонистон) доштем. Ман мехоҳам, ин корро ба фарҷом расонам ...
Фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Стенлӣ Маккристал барои мубориза алайҳи ошӯби тавсеаёбандаи Толибон дархост кардааст, ки ба Афғонистон боз 40 ҳазор сарбози иловагии амрикоӣ фиристода шавад.

Зимни музокирот дар Кохи сафед раҳбарони Ҳиндустону Амрико равобити дуҷониба миёни ду кишвар, мавзӯъҳои мубрами ҷаҳон ва минтақаро мавриди барраси қарор доданд.

Обама дар бораи сатҳи имрузаи равобити Ҳиндустону Амрико чунин изҳор дошт, ки “алоқаҳо миёни ду кишварамон ҳеҷ гоҳ мисли имрӯза мустаҳкам набуд. Ин гувоҳии он аст, ки дар асри 21 ин яке аз беҳтарин мушорикатҳо хоҳад буд. Ман умедворам, ки мо имшаб ин мушорикатро таҷлил менамоем”.

Раҳбари Амрико гуфт, ки Амрико ва Ҳиндустон бузургтарин кишварҳои демократии ҷаҳонанд ва ба ҳамин хотир онҳо ҳампаймони табиӣ мебошанд. Вай афзуд, ки миёни ин ду кишвар шабоҳати зиёд вуҷуд дорад ва онҳо бояд кӯшиш кунанд, ба фоидаи якдигар пайвандҳои иқтисодиашонро тақвият диҳанд.

Обама иттилоъ дод, ки ҳукуматаш алоқаманд аст, созишномаи дуҷониба миёни Ҳиндустону Амрико, ки соли 2005 замони раёсатҷумҳурии Ҷоҷр Буш имзо шуд, иҷро кунад. Тибқи ин созишнома, ширктаҳои амрикоӣ барои бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ҳиндустон сабқат хоҳанд кард. Мутахассисон қиммати ин тарҳро 150 миллиард доллар арзёбӣ мекунанд.

Баъд аз он, ки соли 1974 Ҳиндустон бомби атомиашро озмоиш кард ва ба созишномаи адами тавсеаӣ силоҳи ҳастаӣ ҳамроҳ нашуд, ин кишвар аз бозори байнулмилаии ҳастаи берун монд.

Покистон - рақиб ва ҳамсоякишвари Ҳиндустон низ дорои силоҳи атомӣ мебошад ва муносиботи ин ду кишвар мушкил боқӣ мемонад. Аммо Обама гуфт, ки Амрико намехоҳад ба раванди кунди сулҳи ин ду кишвар мудохила кунад.

Дар робита ба Афғонистон раҳбари Амрико гуфт, ки бояд мутмаин шавад, ки Ал-Қоида дигар натавонад дар он кишвар барои худ паноҳгоҳе пайдо кунад ва ба ин танҳо аз роҳи пойдор ва мустаҳкам намудани Афғонистон мешавад расид.

Обам эълом дошт, ки мардуми афғон худашон муваззафанд суботу амнияти кишварро таъмин кунанд. Тибқи хабарҳо, Обама стратегияашро 1-уми декабр муаррифӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG