Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бомбгузорони роҳи оҳанро меҷӯяд


Мақомоти Русия мегӯянд, таркиши бомб сабаби аз роҳаш хориҷ шудани қатори мусофирбар ва ҳалокати даҳҳо нафар шудааст. Додситонии Русия дар робита ба қазия, бо иттиҳоми терроризм парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Хадамоти амнияти федероли Русия мегӯяд, таркиши бомб сабаби аз роҳаш хориҷ шудани қатори мусофирбар ва ҳалокати даҳҳо нафар аз мусофирони он шудааст. Александр Бортников – мудири ФСБ ба Владимир Путин – нахуствазири Русия, гуфт, бомби бо нерӯи 7 килограм маводи мунфаҷира вагонҳои қатори Маскав-Санкт Петербургро аз роҳаш хориҷ кардааст.

Муфаттишон гуфтанд, ки дар маҳалли садама нишонаҳои абзори таркандаро пайдо кардаанд. Рӯзи ҷумъа чанд вагони қатори мусофиркаши Маскав - Санкт Петербург аз хатти роҳи оҳан хориҷ ва сарнагун шуд ва дасти кам 25 кушта ва ҳудуди 100 нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Хабаргузориҳои Русия мегӯянд, ки додситонӣ дар робита ба ин қазия, бо иттиҳомоти терроризм ва ҳифзи ғайриқонунии маводи мунфаҷира парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Russian Train Bombing
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00


Соли 2007 таркиши бомб дар хатти роҳи оҳани мазкур як қатореро аз роҳаш хориҷ ва 30 нафарро маҷрӯҳ кард. Ду марди муттаҳам ба иртибот ба ҷудоихоҳони чеченро ба ин бомбгузорӣ муттаҳам карда буданд.
XS
SM
MD
LG