Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лужков бар Немтсов пирӯз шуд


Мири шаҳри Маскав Юрий Лужков дар як мурофиаи додгоҳӣ бар сиёсатмадори либерал Борис Немтсов, ки чун қазияи тӯҳмату бӯҳтон арзёбӣ мешуд, пирӯз гардид. Пирӯзии ҳуқуқии Лужков дар асл ҳеҷ касро дар ҳайрат намонд, чунки дар мӯҳлати 18 соли раҳбариаш мири пурнуфузи Маскав дар ҳеҷ як қазияи додгоҳӣ мағлуб нашудааст.

Як додгоҳи Маскав ҳукм кард, ки сиёсатмадор Борис Немтсов бояд барои тӯҳмат дар ҳақи мири шаҳри Маскав маблағи муодили 17,100 доллари амрикоиро пардохт кунад. Рӯзи душанбе додгоҳ ҳукм кард, ки нашрияи “Коммерсант” ҳам барои чопи мусоҳибааш бо Борис Немтсов, ки дар он сухан аз даст доштани Лужков дар ришвату фасод меравад, ҳамин миқдор маблағро ба мири Маскав пардохт кунад. Ҳам Немтсов ва ҳам нашрия бояд, ки аз гуфтаҳои худ чун тӯҳмату бӯҳтон даст кашанд. Немтсов, ки дар гузашта муовини нахуствазир буда ҳоло яке аз муассисони ҳизби Иттиҳоди нирӯҳои ростгарои Русия шинохта мешавад, ҳукми додгоҳро бо табассум қабул кард ва гуфт:

“Ман шодам, ки қариб ҳама талаботи Лужков нисбати ман рад шуд. Вай талаб дошт, ки ҳафт ҷумлаи ин мусоҳиба рад шавад. Ҳоло фақат яктоаш мондааст. Ман ҳоло бояд аз ин ҷумла даст кашам, ки мегӯяд: “барои бисёр сокинони Маскав пӯшида нест, ки қариб ҳама сохторҳои давлатии ин шаҳр олуда ба фасод ҳастанд”. Ман ҳоло ингуна менависам: “Барои сокинони бисёри Маскав пӯшида аст… хайр, дигар чӣ хел гӯям?”.

Борис Немцов об иске Юрия Лужкова
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:58 0:00


Пирӯзии додгоҳии Лужков ҳеҷ касро дар ҳайрат нагузошт, чунки дар гузашта ингуна мавридҳои ба додгоҳ шикоят бурдани мири шаҳри Маскав бо иттиҳоми тӯҳмату бӯҳтон зиёд пеш омада вай ҳамеша дар ин баҳсҳо бар мунаққидонаш дастболо шудааст. Тасмими муҷозоти “Коммерсант” бошад, нигарониҳоро аз фишор болои озодии баён дар Русия ба миён овард. Немтсов гуфт:

“Аз назари ман, ин як кори ношоиста аст, ки дар рӯзҳои таҷлил аз 100-солагии таъсиси “Коммерсант” додгоҳ ҳукм мекунад, ки бояд онро ба андозаи 500 ҳазор рубл ҷаримабандӣ кунад”.

Вакили нашрияи “Коммерсант” Дмитрий Жарков гуфт, ки шикояти додгоҳии Лужков як кӯшиши бастани даҳони журналистон асту бас:

“Мо аз болои ҳукми додгоҳ билофосила ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят мекунем. Матни ин шикояти мо ҳам омода аст. Аз назари мо, маблағи тақозошуда бо ҳадафи тарсондани матбуот таъйин шудааст, то ки мо дигар чизи баде дар бораи Юрий Михайлович Лужков нанависем”.

Дар оғоз нияти Лужков талаб кардани 10 баробар бештар маблағ барои чопи гузориши нави Борис Немтсов буд, ки дар он мизони фасодзадагии мири шаҳри Маскав ва наздиконаш тасвир мешуд. Ин гузориш фаъолияти 18-солаи ӯро аз лиҳози олудагӣ ба ришвату фасод хулоса карда мегӯяд, ки мири шаҳри Маскав ҳамроҳ бо ҳамсараш Елена Батурина, раҳбари як ширкати сохтмонии азим, ки сарватмандтарин зани Русия шинохта мешавад, маблағҳои зиёдро дар тиҷорати хусусӣ мечархонанд. Дар ин гузориш Лужков чун “дузд” ва “як мақоми фасодзада” ёд мешавад. Дар оғози соли ҷорӣ дар як мурофиаи додгоҳӣ Лужков ҳамингуна як қазияи марбут ба тӯҳматро бар нашрияи The New York Times бурд, ки дар он ӯ ҳамчун як тарафдори нирӯҳои ҷудоихоҳ дар Молдова ва Қрим ёд мешавад.
XS
SM
MD
LG