Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Шӯрои Аврупо аз раъйпурсии Швейсария


Шӯрои Аврупо, органи аслии дифоъ аз ҳуқуқи башари Иттиҳоди Аврупо, аз манъи бунёди манораҳо дар масоҷиди Швейсария интиқод кард.

Шӯрои Аврупо дар як изҳорот мавриди раъйдиҳии мардум қарор додани ҳуқуқҳои аслии инсониро зери суол бурд.

Аз ин пеш Кумитаи ҳуқуқи башари СММ низ изҳор карда буд, ки натоиҷи раъйдиҳӣ дар Швейсария оид ба манъи бунёди манораҳо дар масоҷид – нақзи ҳуқуқи инсон аст. Ба гуфтаи раиси ин ниҳоди СММ, раъйпурсӣ ихтилофоти ҷиддӣ дар мавқеъгирӣ дар ҷомеъаи Швейсарияро нишон дод.

Дар ҳамин ҳол, вазири умури хориҷаи Швейсария Мишлен Калми-Рэй изҳор намуд, ки натоиҷи ин раъйпурсӣ амнияти кишварро ба хатар мувоҷеҳ мекунад.

Ёдовар мешавем, тибқи натоиҷи раъйпурсӣ, ки бо ибтикори як ҳизби миллатгарои Швейсария баргузор шуд, 54 дар сад алайҳи бунёди манораҳо дар масоҷиди кишвар овоз доданд. Ҳизби мубтакири раъйпурсӣ гуфтааст, манораҳои масҷидҳо талоше барои нишон додани қудрат ва бахше аз стротежӣ барои исломӣ кардани Швейсария аст.

Ҳукумат ва порлумони кишвар пешниҳоди матраҳшударо мухолиф ба Қонуни асосии Швейсария, озодии эътиқод ва суннати таҳаммулпазирии мардуми кишвар хондаанд.

Швейсария яке аз кишварҳои нисбатан камаҳолии Аврупо буда, бахши қобили таваҷҷӯҳи ҷомеаи онро мусулмонон ташкил медиҳанд. Тибқи омори расмӣ, аз 7,7 миллион нафар аҳолии ин кишвар 400 ҳазор мусалмонанд, ки аксаран намояндагони кишварҳои африқоӣ ва осиёӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG