Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори автобуси зоирони Эрон дар Сурия


Таркиш дар автобуси зоирони эронӣ дар канори шаҳри Димишқ се нафарро кушта ва даҳҳо нафарро захмӣ кардааст.

Бино ба гузоришҳо, ин автобус зоирони эрониро ба зиёратгоҳе ба пойтахти Сурия мебурдааст. Дар автобуc панҷоҳ мусофир будаанд.

Автобус ҳангоми гирифтани бензин аз як бензинфурӯшӣ дар наздикии зиёратгоҳе дар Сурия мунфаҷир шудааст. Инфиҷор дар маҳалли наздик ба яке аз муқаддасоти шиаҳо рух додааст, ҷое ки зоирони эронӣ зуд-зуд ба зиёрат меомадаанд. Дар ин маҳал ироқиёни зиёд низ ба сар мебурдаанд.

Феълан, маҳалли таркиш аз сӯи хадамоти амнияти Сурия иҳота шудааст. Саид Муҳаммад Саммур – вазири умури дохилаи Сурия, гуфт, таркиш амали терористӣ набуда ва бар асари инфирҷори чархи автобус ба вуқӯъ пайвастааст. Пеш аз ин гузориш мешуд, ки дар автобус бомб таркидааст.

Таркиш дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки Сайид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва музокиракунандаи аршади атомии Эрон, ба Димишқ сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG