Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бин Лодин дар куҷост?


Бо тасвиби стратегияи нави ИМА дар Афғонистон, ки ирсоли 30 ҳазор сарбози иловагӣ ба Афғонистонро мадди назар дорад, таваҷҷӯҳ ба макони буду боши Усома бин Лодин ва масъалаи ошӯбгарӣ дар Покистон низ ҷалб шудааст. Тибқи иттилои манбаъҳои мухталиф раҳбари шабакаи террористии ал-Қоида Усома бин Лодин дар қаламрави Покистон набуда, шояд дар худи Афғонистон паноҳ бурда бошад.

Усома бин Лодин, ки ба сарпарастии ҳамлаҳои террористии моҳи сентябри соли 2001-ум болои шаҳрҳои амрикоӣ муттаҳам мебошад, мавриди ҷустуҷӯи нерӯҳои ИМА қарор дорад. Тибқи баъзе гузоришҳо ӯ дар охири соли 2001-ум ба манотиқи шимолу ғарбии Покистон фирор намуда, аз таъқиби нерӯҳои таъйиноти хоси ИМА ҷон ба саломат бурд. ИМА барои боздошти Усома бин Лодин 25 миллион доллар ҷоиза эълон кардааст. Аз ин рӯ, таваҷҷӯҳ ба боздошти ӯ доимо дар маркази таваҷҷӯҳи байналмилалӣ қарор доштааст.

Ҳафтаи равон аснои эълони стратегияи нави ИМА дар Афғонистон, ки ирсоли 30 ҳазор сарбози иловагии амрикоӣ ба ин кишварро дар бар мегирад, баъзе расонаҳову сиёсатмадорон ба он ишора карданд, ки шояд Усома бин Лодин дар Покистон набошад. Ахиран дар Лондон ҳангоми вохӯрӣ бо сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гилонӣ сарвазири Британия Гордон Браун гуфт, ки Покистон бояд барои маҳви Усома бин Лодин талоши бештар варзад. Вале раҳбари покистонӣ иброз дошт, ки ба фикри вай Усома бин Лодин дар Покистон ҳузур надорад.

Як рӯз баъд аз он як толиби маҳбус ба хабаргузории ВВС изҳор намуд, ки ба ақидаи ӯ моҳҳои феврал ва марти соли равон Усома бин Лодин дар вилояти ҷанубу шарқии Ғазнии Афғонистон буд. Вале рӯзноманигори покистонӣ Аҳмад Рашид шубҳа дорад, ки бин Лодин ҳоло дар Афғонистон бошад. Ба ақидаи Аҳмад Рашид, агар Усома бин Лодин дар Афғонистон мебуд, нерӯҳои ИМА ва ё НАТО ҳатман ӯро пайдо мекарданд.
XS
SM
MD
LG