Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар сӯги қурбониёни сӯхтор


Садҳо ҳазор нафар 7-уми декабр, дар Русия хотираи қурбониёни сӯхтор дар шаҳри Пермро пос доштанд. Ин сӯхтор ҷони камаш 112 нафарро гирифта, беш аз сад каси дигарро шадидан маҷрӯҳ кардааст.

Дар ин навори видео намудҳое аз Маскав ва Перм ҷой дода шудаанд. Мардум ба ҷои ҳодиса гулдастаҳо овард ва дар ин ҷо шамъоҳ даргиронд. Эҳтимоли ин ки шумораи қурбониён афзоиш ёбад, зиёд аст. Чанд нафари ахир дар бемористонҳо Маскав ва Санкт-Петербург даргузаштанд.

Иллати сӯхтор, риоят нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оташбозӣ дар дохили тарабхона будааст. Пулис мегӯяд, аксари кулли кушташудаҳо бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ғализи сӯхтор ва имкони маҳдуди берун шудан аз сохтмони клуби шабонгоҳии “Хромая лошад” ҷони худро аз даст додаанд. Ҳолати аксари кулли маҷрӯҳон хеле вазнин арзёбӣ мешавад ва чанд нафаре аз онҳо ҳам дар бемористонҳо ҷон аз даст додаанд.

Таваҷҷӯҳ кунед ба навори видео аз Рӯзи мотами миллӣ дар Русия:



Вилояти Перм ба зарардидаҳо ва оилаҳои қурбониён сад ҳазор рубли русӣ хоҳад дод. Ҳукумати федеролии Русия низ эълон кардааст, ки ба осебдидагон ва оилаҳое, ки пайвандони худро аз даст додаанд, ёрии молӣ хоҳад кард. Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, дар сӯҳбати видеоие бо вузарои кишвараш, (ҳолати изтирорӣ, беҳдошт ва корҳои дохилӣ), ки дар маҳалли ҳодиса мебошанд, амр додааст, то дар масъалаи молӣ ҳукумат сарфаҷӯӣ накунад.

Дар бораи он ки оё дар ин фоҷеа касе аз муҳоҷирони тоҷик осеб дидааст ва чӣ гуна ҷомеаи тоҷикон ба қурбониён ва наздикони онҳо кӯмак карданд, мусоҳибаи моро бо раиси Ҷомеаи тоҷикони Перм, Раҳматуллоҳ Мазориев аз гӯшаи болоии дасти ростӣ бишнавед.
XS
SM
MD
LG