Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин ҷанҷол дар Копенҳаген


Тодд Стерн, намояндаи Амрико дар ҳамоиши Копенҳаген
Тодд Стерн, намояндаи Амрико дар ҳамоиши Копенҳаген

Дар Копенҳаген дар конфронси байналмилалии ҳифзи муҳити зист байни кишварҳои дар ҳоли рушд ва кишварҳои пешрафтаи саноатии ҷаҳон норизоятӣ ба вуҷуд омадааст. Сабаби ихтилофи назарҳо пешнависи санадест, ки бояд дар поёни кори ин конфронс кишврҳои шираткунанда ба тасвиб расонанд.

Кишварҳои дар ҳоли рушд мегӯянд, тибқи пешнависи ин санад кишварҳои пешрафта бар дӯши онҳо корҳои зиёдеро мегузоранд. Намояндагони чунин кишварҳо давлатҳои пешрафтаро муттаҳам мекунанд, ки онҳо бидуни машваратҳои муқаддамотӣ ин санадро пахш мекунанд. Онҳо иддао доранд, ки кишварҳои пешрафта бештар газҳои гулхонаӣ ба ҳаво партоб мекунанд ва саҳми бештари муборизаро низ бояд онҳо бар дӯш бигиранд.

Пешнависи ин санад то ҳол ба тасвиб нарасидааст, вале рӯзномаи бритониёии «Гардиан" онро "матни Дания" номида, чоп кардааст ва гуфтааст, ин санад аз мавзеъгирии Бритониёву Амрико ва Дания ҳимоят мекунад.

Кишварҳои дар ҳоли рушд аз он ба ғазаб омадаанд, ки аз пешнависи чунин санад хабар надоранд. Ҳарҷит Сингҳ, мушовири тағйири иқлим дар созмони "Action Aid", аз Копенгаген ба радиои Озодӣ чунин гуфт:
"Раёсати Дания бояд комилан бетарафона бошад. Бояд онҳо замина фароҳам оранд, на ин ки ба сӯи кишварҳои пешрафта майл пайдо кунанд. Ман фикр мекунам, ки онҳо салоҳияти худро бо матни чунин санад зери суол бурдаанд, зеро он содиқона нест ва худи раванди омодагӣ низ одилона набудааст".

Мақомоти расмии Дания мегӯянд, ин матн нуктаи махфӣ надорад ва тибқи имкон ба таври васеъ дастраси дигарон шудааст. Кишварҳои африқоӣ бо садоҳои норизоятӣ вориди толори конфронс шуданд ва мегӯянд, бо чунин санади бад наметавонанд розӣ бошанд. Августин Нҷамшӣ, намояндаи созмони хайрияи "Christian Aid" аз Камерун, чунин изҳори назар кард:
"Кишварҳои пешрафта намехоҳанд дар ин музокирот ӯҳдадориҳои одилона имзо кунанд. Мо намегӯем, ки мо хориҷ мешавем. Мо намехоҳем, ки музокиракунандагони мо хориҷ шаванд. Вале, лутфан ин корро накунед, зеро Африқо барои мо хеле гарм аст. Мо намехоҳем, ки мардум ҳамчунон пештар аз мо қарор дошта бошанд".

Бино ба навиштаи рӯзномаи "Гардиан", ин санад раванди музокироти СММ-ро сарфи назар мекунад ва раҳбарияти "Грин Фанд" ё "Бунёди сабз"-ро ба итоати созмонҳое, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ ва IMF қарор медиҳад. Ин созмонҳо бештар аз мавзеъгириҳои кишварҳои ғарбӣ ҳимоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG