Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми чолишро Тоҷикистон оғоз мекунад


Сабқати нави Ҷоми чолиш-2010-ро мунтахаби Тоҷикистон оғоз мекунад.

Конфедеросюни футболи Осиё тақвим ва ҷадвали бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми чолиш-2010-ро тасдиқ кард. Ин бозиҳо аз 16-ум то 27-уми феврали соли оянда дар пойтахти Шри-Ланка, шаҳри Коломбо баргузор мешаванд.

Нахустин бозии марҳилаи ниҳоӣ бегоҳи 16-уми феврал дар варзишгоҳи Суғатадаса миёни мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш доир хоҳад шуд. Дар худи ҳамон рӯз пас аз бозии мунтахаби Тоҷикистон рақибони дигари Тоҷикистон аз гурӯҳи «А» Мянмар ва Шри-Ланка ба майдон хоҳанд рафт.

Дар маҷмӯъ, тақвим бад ин гуна аст:

16-уми феврал
Тоҷикистон - Бангладеш, Варзишгоҳи Суғатадаса, 16:00 (вақти маҳаллӣ)
Мянмар – Шри-Ланка, Варзишгоҳи Суғатадаса, 19:00

17-уми феврал
Ҳиндустон - Қирғизистон, Варзишгоҳи Суғатадаса, 16:00
Кореяи Шимолӣ - Туркманистон, Варзишгоҳи Суғатадаса, 19:00

18-уми феврал
Бангладеш - Мянмар, Варзишгоҳи Суғатадаса, 19:00
Шри-Ланка - Тоҷикистон, Варзишгоҳи Суғатадаса, 16:00

19-уми феврал
Қирғизистон – Кореяи Шимолӣ, Варзишгоҳи Суғатадаса, 16:00
Туркманистон - Ҳиндустон, Варзишгоҳи Суғатадаса, 19:00

20-уми феврал
Тоҷикистон - Мянмар, Варзишгоҳи Роял Колиҷ Спортс, 15:00
Шри-Ланка - Бангладеш, Варзишгоҳи Суғатадаса, 15:00

21-уми феврал
Ҳиндустон – Кореяи Шимолӣ, Варзишгоҳи Суғатадаса, 15:00
Tуркманистон - Қирғизистон, Варзишгоҳи Роял Колиҷ Спортс, 15:00

24-уми феврал
Бозии нимниҳоии аввал, Варзишгоҳи Суғатадаса, 15:30
Бозии нимниҳоии дуввум, Варзишгоҳи Суғатадаса, 19:00

27-уми феврал
Бозӣ барои ҷойи саввум, Варзишгоҳи Суғатадаса, 15:30
Бозии ниҳоӣ, Варзишгоҳи Суғатадаса, 19:00

Ғолиби ин сабқат (ё соҳиби нишонҳои нуқра агар Ҳиндустон баранда шавад) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад.

Тоҷикистон дар нахустин Ҷоми чолиш дар соли 2006 дар Бангладеш дар бозии ниҳоӣ ба дарвозаи Шри-Ланка чаҳор голи беҷавоб зада буд. Дар дуввумин сабқат дар соли 2008 дар Ню-Деҳлӣ Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ аз мизбон – Ҳиндустон бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрда буд.
XS
SM
MD
LG