Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти рӯҳонии бонуфузи дигарандеши эронӣ


Яке аз маъруфтарин рӯҳониёни эронии мухолифи ҳукумати Аҳмадинажод оятуллоҳи бузург Ҳусейн Алӣ Мунтазирӣ дар синни 87-солагӣ даргузашт.

Хабаргузории давлатии ИРНА аз марги оятуллоҳ Мунтазирӣ хабар додааст.

Ҳусейн Алӣ Мунтазирӣ яке аз пешвоёни инқилоби исломии соли 1979 буд ва дар бунёди сохтори ҷумҳурии исломӣ нақши яке аз сутунҳоро мебозид. Чеҳраи маъруфи олами Шиа ҳамчунин аз ҳукумати раисҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод шадидан интиқод мекард ва бо судури фатвое пас аз нооромиҳои тобистони имсол ҳукумати Аҳмадинажодро маҳкум карда буд.

Аммо ин нахустин баромади ӯ алайҳи мақомдорони кишвараш набуд. Ӯ борҳо зимомдоронро ба диктаторӣ васӯистифода аз номи Ислом муттаҳам мекард ва мегуфт, озодии, ки аз инқилоби исломӣ интизораш буданд, ба даст наомад. Оятуллоҳ Мунтазирӣ аз яке аз сутунҳои инқилоб ба мунаққиди шадиди раҳбарияти инқилоб табдил гашта буд.

Дар соли 1997 бо оятуллоҳ Хоманаӣ низ бархӯрди шадид ва маъруфи лафзӣ дошт. Пайомади ин муноқиша баста гардидани мактаби динии оятуллоҳ Мунтазирӣ ва ҳамла ба дафтари кории ӯ дар шаҳри Қум гардид. Худи ӯ барои шаш сол дар ҳабси хонагӣ қарор гирифт.

Ҳусейн Алӣ Мунтазирӣ дар як оилаи деҳотӣ таваллуд ёфта ва бузург шудааст ва шӯҳратро ҳам дар аввал ҳамчун яке аз тарафдорони нахустини имом Хумайнӣ касб кардааст. Дар замони шоҳ ба тарафдории имом Хумайнӣ борҳо гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ташкил карда ва ба зиндон кашида шудаву он ҷо шиканҷа дидааст. Замоне, ки имом Хуманйӣ дар табъид дар Ироқ буд, оятуллоҳи бузург Мунтазирӣ намояндаи имом Хумайнӣ дар эрон дониста мешуд.

Аммо пас аз даъватҳои мукаррар барои эълони иштибоҳоти инқилоб ӯ дар сафи мухолифони ҳукумат қарор гирифт. Рӯҳонии маъруф ҳар боре мегуфт, ки назароти ӯ аз эҳсоси вазифаи динии ӯ бармеоянд.
XS
SM
MD
LG