Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи фурӯши гази Тошканд ба Душанбе ва Бишкек


Узбакистон нархи газро барои Тоҷикистон озод боқӣ гузошт, аммо барои Қирғизистон дар ивази ризоияти Бишкек ба таҳқиқи байнулмилалии нерӯгоҳи Қамбарота-1 онро поинтар бурд.

Ширкати «Тоҷиктрансгаз» пас аз музокироти тӯлонӣ бо ширкати «Узтрансгаз»-и Узбакистон дар мавриди интиқоли гази ин кишвар ба Тоҷикистон дар соли 2010 дар шаҳри Тошканд як қарордод имзо кардааст.

Саидмадад Шарофиддинов, раиси Ширкати «Тоҷиктрансгаз», иттилоъ додааст, ки тибқи қарордоди нав, дар соли оянда Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя 250 миллион кубометр газ харидорӣ хоҳад кард.

Дар ин қарордод қиммати газ барои соли 2010 нархгузорӣ нашудааст. Ба гуфтаи оқои Шарофиддинов, ҷонибҳо чунин созиш кардаанд, ки гази интиқолшуда ҳар се моҳ баъд пешпардохт хоҳад шуд ва нархи он вобаста ба тағйироти қиммати газ дар бозори ҷаҳонӣ муайян хоҳад шуд. Қиммати газ барои семоҳаи аввали соли оянда дар аввалҳои моҳи январ эълон хоҳад шуд.

Соли гузашта Тоҷикистонбарои вуруди ҳудуди 550 миллион метри мукааб газ аз Узбакистон қарордод имзо карда буд. Вале дар нимаҳои сол ҷониби Тошканд бо ишора ба 18 миллион доллар қарзи Тоҷикистон интиқоли гази худро қатъ кард. Моҷарои қарзи газ ва музокироти ҷонибҳо тайи моҳҳои ахир идома дошт ва тайи ин муддат Тоҷикистон аз гази кишвари ҳамсоя маҳрум буд.

Тоҷикистон, ба гуфтаи мутахассисон, танҳо 5 дарсади ниёзмандиҳояшро бо гази дохилӣ қонеъ мекунад ва боқӣ 95 дарсади гази лозим барои кишвар аз Узбакистон ворид мешавад. Вале ҳарсола масъалаи харидории гази Узбакистон ва нархгузории он мушкилтар мешавад.
Соли 2009 Тоҷикистон барои ҳар ҳазор метри муккааб 240 доллар пардохт мекард, дар ҳоле, ки соли 2008 ҳамин миқдори газро бо қимати 145 доллар харидорӣ кардааст.Ҷониби Тоҷикистон дар остонаи музокирот ба нақша гирифта буд, ки газро арзонтар харидорӣ хоҳад кард.

Коршиносон мушкилот дар гуфтушунидҳои газии ин ду кишварро ба нигоҳҳои мухталифи ин кишварҳо ба масъалаи иншооти обию энержӣ марбут медонанд.

Дар ҳамин ҳол хабар мерасад, ки 28-уми декабр Узбакистон бо Қирғизистон низ созиши фурӯши газро ба имзорасонд. Дар ҷаласаи кумиссюни дуҷонибаи байниҳукуматӣ бо иштироки сарвазири Қирғизистон, Дониёр Усенов, созиш дар ивази ризоияти Қирғизистон ба таҳқиқи байнулмилалии пайомадҳои бунёди нерӯгоҳи Қамбарота -1 ҳосил гардид. Узбакистон гуфт, ба шарте интиқоли газро ба Қирғизистон идома медиҳад, ки Бишкек ба баргузории чунин таҳқиқ зери сарпарастии Бонки Ҷаҳонӣ иҷоза диҳад.

Узбакистон дар робита ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Қамбарота-1 дар Қирғизистон ва Роғун дар Тоҷикистон борҳо изҳор доштааст, ки аз лиҳози таъмин бо об осебпазир хоҳад шуд.

Бар асари ризоияти Қирғизистон ба чунин пажӯҳиши байнулмилалӣ нархи гази Узбакистон ба ин кишвар, ки дар давоми сол 240 доллари амрикоӣ буд, коҳиш дода шуд, вале тарафҳо аз эълони ин нарх худдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG