Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хӯҷаини ҳақиқии Русия кист?


Нахуствазири Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Маскав омодааст дар ивази иттилоъ оиди барномаҳои зиддимушакии Амрико, маълумоти системаи аслиҳаи таҳоҷумии худро ба Вашингтон дар миён гузорад.

Маскав ҳамчунин бо ҳадафи мувозинат бо Амрико тасмим дорад, системаи таҳоҷумии худро тақвият диҳад.

Радиои Озодӣ аз таҳлилгари низомии рус Александр Голтс пурсид, ки дар пасманзири гуфтушуниди тӯлкашидаи Амрикову Русия бар сари силоҳҳои стратегӣ суханони нахуствазири Русия чӣ маънӣ доранд?

Озодӣ: Александр, бигӯед, ки мушаххасан гап дар бораи чӣ аст, аз боби кадом силоҳу муҳимот сухан меравад?

Голтс: Пеш аз ҳама гап сари мушаки нави "Булава" ва ҳамон силоҳест, ки аз он RS24 ном мебаранд, дар амал ҳамон "Топол-М" аст, аммо бо кулоҳаки ҷудошанванда. Дар Русия манзур аз силоҳи таҳоҷумӣ танҳо силоҳи ҳастаӣ аст.

Озодӣ: Вале тавре шунидем, Владимир Путин аз аслиҳаи зарбазани таҳоҷумӣ ном бурд, на аз силоҳи стратегӣ? Оё ин ҳар ду як чиз аст?

Голтс: Ин ҷо дақиқан силоҳи стратегӣ дар назар аст

Озодӣ: Бунёдгарони мушаки "Булава" дар санҷиши ин силоҳ борҳо номувафақ будаанд, нахуствазир ояндаи дурро дар назар дорад?

Голтс: Ба ғайр аз ин ба бунёди мушаки вазнин барои нерӯҳои стратегии Русия ишора мешавад. Дар ҳоле, ки фармондеҳи нерӯҳои зиддимушакии Русия гуфта буд, ин мушак то соли 2016 дар истифода қарор хоҳад дошт, пешгӯӣ кардан душвор аст, ки кай ин барнома амалӣ мешавад. Зеро то ҳол ҳеҷ маълумоте дар бораи бунёди чунин мушак пахш нашудааст. Барномаҳо ба истилоҳ "осмонианд", аммо натиҷа чӣ хоҳад буд, касе намедонад.

Озодӣ: Аз сӯе ҳам ба назари Шумо оё ин мӯҳрае нест, ки Русия мехохад дар гуфтушуниди қарордоди нав оиди силоҳҳои таҳоҷумӣ бо Амрико ба бозӣ дарорад.

Голтс: Агар чунин бошад ин воқеан як мӯҳраи аҷибу ғариб аст. Амрико аз ҷиҳати теъдоди мушкабарҳо бар Русия бартарӣ дорад. Онҳо аз вазъи саноати ҳарбии Русия хуб бохабаранд. Маълум аст, ки Амрико ин бартариро дар ояндаи дур низ ҳифз мекунад. Аз касе пӯшида нест, ки силоҳи ҳастаии Русия дар муқоиса бо силоҳи Амрико умри бештар дидааст ва мо маҷбурем, ки ба хотири бехатарӣ бахше аз ин мушакҳоро аз истифода хориҷ кунем.

Озодӣ: Владимир Путин рушди сохтори таслиҳоти таҳоҷумиро ҳамчун посух ба барномаҳои Амрико ҷиҳати бунёди системаи фарогири мушакӣ баррасӣ мекунад. Оё ин таърихи сабқати зиреҳпӯш ва хумпора нест?

Голтс: Ин сад дар сад таърихи сиёсӣ аст. На ҳоло ва на дар оянда системаи зидимушакии Амрико ба тавонии стратегии Русия таҳдид намекунд, Ин дақиқ аст. То имрӯз амрикоиҳо 50 системаи зиддимушакӣ доранд, ки метавонанд, то 5-10 кулоҳакро хунсо кунанд. Русия бештар аз якуним ҳазор кулоҳаки ҷангӣ хоҳад дошт. Ин ҷо бозии сиёсӣ дар ҷараён аст. Русия ба таъхири гуфтушуниди Силоҳои Стратегии Таҳоҷумӣ ё СНВ манфиатдор аст. Ҳар қадар гуфтушунид ба дарозо кашад, ба ҳамон андоза Русия талош мекунад, намоиш диҳад, ки ба истилоҳ аз зону бархостааст ва ҳарифи ягона ва ҷиддии Амрикост. Дар зимн, Владимир Владимирович аз барномаи ҷилавгирӣ аз силоҳи ҳастаии Амрико қотеъона пуштибонӣ кард. Яъне ҳамин ки мувозинати стратегӣ вайрон шуд, Амрико пархошгарона рафтор мекунад, аз ҷумла дар соҳаи иқтисод. Ин ишораест, ки силоҳи ҳастаӣ ба Русия имкон медиҳад, ки масоили дигарашро ҳал кунад, масоилеро, ки ба соҳаи силоҳи ҳастаӣ рабте надоранд. Аммо пайғоми аслии нахуствазир ин аст, ки ӯ тасмим дорад, гуфтушуниди Силоҳҳои Стратегии Таҳоҷумиро ба мушкил рӯбарӯ кунад. Тавре мо медонем, тарафҳо тасмим гирифтаанд, ки дар бораи гуфтушунид ба касе иттилоъ надиҳанд. То ҳол ин шарт иҷро мешуд. Ва ҳоло, ки гуфтушунид ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шудааст, нахуствазири Русия ин гуна изҳороти ҳангомасоз пахш кардааст.

Озодӣ: Чаро?

Голтс:
Ба назари ман Владимир Путин мехоҳад нишон диҳад, ки хӯҷаини аслии Русия кӣ аст.
XS
SM
MD
LG