Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 ғайринизомии амрикоӣ дар Афғонистон


Низомиёни амрикоӣ дар вилояти Хусти Афғонистон
Низомиёни амрикоӣ дар вилояти Хусти Афғонистон

Дар вилояти Хуст, воқеъ дар ҷанубу шарқи Афғонистон, бар асари як ҳамлаи террористӣ 8 шаҳрванди Амрико ба ҳалокат расидаанд. Ин иттилоъро сафорати ИМА дар Кобул тасдиқ кардааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, як маргталаб худро дар байни амрикоиҳо тарконидааст. Намояндаи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон изҳор намуд, ки тибқи иттилои пешакӣ, ҳама қурбониёни ҳодиса афроди ғайринизомиянд. Дар бораи захмишудагон то ин соат иттилое пахш нашудааст. Масъулияти ҳамла дар Хустро гурӯҳи Толибон бар душ гирифтааст.

Нашрияи "Вошингтон пост" навиштааст, ки шаҳрвандони кушташудаи амрикоӣ шояд кормандони Хадамоти маркази кашф ва ё CIA буданд. Аммо Хадамоти марказии кашфи Амрико то ҳол ба ин иттилоъ вокунише нишон надодааст.

Ҳамлаи хунбор дар Хуст дар ҳоле сурат гирифт, ки як рӯз қабл дар вилояти дигари ҷанубу шарқи Афғонистон - Қандаҳор бар асари таркиши мина чаҳор сарбоз ва як хабарнигор ба ҳалокат расиданд, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Канада буданд.

Гурӯҳи Толибон тайи солҳои ахир дар минтақаи ҷануб ва шарқи Афғонистон ҳамлаҳои зиёдро ба нерӯҳои НАТО анҷом додааст. Ва соли 2009 серталафтарин сол барои нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон аз замони шуруи ҷанг дар ин кишвар будааст.

Алорағми ҳамлаҳои Толибон, теъдоди ғайринизомиёни хориҷӣ дар Афғонистон афзоиш меёбад, ки аксари онҳо ба иҷрои тарҳҳои созмону ширкатҳои кӯмакрасон дар ин кишвар машғул мебошанд. Ва ҳамлаи пурқурбонӣ ба ғайринизомиёни хориҷӣ дар вилояти Хуст бесобиқа будааст.
XS
SM
MD
LG