Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон ба маркази Кобул


Ҳамлаи “Толибон” ба биноҳои ҳукуматӣ дар маркази Кобул намоиш дод, ки пойтахти Афғонистон осебпазир боқӣ мемонад.

Задухӯрдҳо дар маркази Кобул, дар канори биноҳои ҳукуматӣ - Кохи раисҷумҳур, Бонки марказӣ, вазорати адлия, меҳмонсарои “Сирена” ва фурӯшгоҳи “Афғон” - бузургтарин маркази тиҷоратии пойтахт, ба вуқӯъ пайвастанд. Хабаргузориҳо аз субҳ дар бораи таркишу тирпарронӣ дар атрофи биноҳои ҳукуматӣ хабар доданд.

Забеуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи Толибон, ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, дар ин ҳамла ба Кобул 20 мусалллаҳи толибон, аз ҷумла, маргталабҳо ширкат карданд ва ҳадафи ҳамла - кохи раёсатҷумҳур ва биноҳои ҳукуматӣ буд. Вазорати ҳифзи сиҳати Афғонистон хабар дод, ки бар асари инфиҷору тирпарронӣ - панҷ сокини осоишта ва кормандони хадамоти амниятӣ ба ҳалокат расида, тақрибан 40 нафар ҷароҳат бардоштанд. Мақомот гуфтанд, ки 4 тан аз ҳамлагарон низ дар ин набарҳо кушта шудаанд.

Ҳамла ба Кобул дар ҳоле сурат гирифт, ки дар кохи раёсатҷумҳур ба маросими савгандёдкунии аъзои нави ҳукумати Афғонистон омодагӣ мегирифтанд. Воҳид Умар, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон, изҳор намуд, ки ин маросим замони муқарраршуда баргузор гардид, зеро кохи раёсатҷумҳур комилан амн буд. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, бо истифода аз фурсат ин ҳамлаи толибонро маҳкум кард.

То зӯҳр даргириҳо поён ёфтанд ва Карзай эълом дошт, ки нерӯҳои амниятӣ низому тартиботро дар Кобул барқарор карданд. Ва аммо, ба гуфтаи сиёсатмадорон ва коршиносон, ҳамлаи ахир нишон дод, ки пойтахти Афғонистон осебпазир боқӣ мемонад ва Толибон тавони ҳамла ҳатто ба мавзеъҳои таҳти ҳифозати шадиди Кобулро доранд. Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар Афғонистон ва Покистон, зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Ню-Деҳлӣ ҳамла ба Кобулро чун як амали бераҳмона арзёбӣ кард ва ҳушдор дод, ки ин гуна ҳамлаҳо дар ин кишвари ҷангзада шояд зиёд иттифоқ уфтанд.

Нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон ва ё ISAF изҳор намуд, ки сарбозону афсарони хориҷӣ ба хотири дифоъ аз биноҳои ҳукуматӣ дар паҳлӯи низомиёни афғон буданд. Масъулини ISAF ҳамчунин гуфтанд, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон амнияти роҳҳо дар маркази Кобулро таъмин намуданд.

Толибон ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Афғонистон, баъд аз тасмими ИМА ва ҳампаймонҳояш дар НАТО барои ба таври иловагӣ интиқол додани боз 37 ҳазор афсару сарбози нав, ҳамлаҳо болои нерӯҳои афғон ва байнулмилалӣ дар Кобул ва дигар манотиқи Афғонистонро шадидтар карданд. Аз ҷумла, 28-уми октябри соли гузашта, бар асари як ҳамла ба меҳмонсарои Кобул, ки он ҷо кормандони дафтари СММ ба сар мебурданд, панҷ корманди ин созмон ва се тан аз ҳамлагарон ба ҳалокат расиданд. Ин ҳамла СММ-ро барои ба манотиқи амнтар интиқол додани кормандони дафтараш дар Афғонистон водор сохт.

Ҳамлаи ахир ба биноҳои ҳукуматӣ дар Кобул дар вазъе сурат гирифт, ки бӯҳрони сиёсии марбут ба таъсиси ҳукумати нави Афғонистон ҳанӯз рафъ нашудаааст ва мавзӯъи Афғонистон бояд охири ҳамин моҳ дар як конфронси байнулмилалӣ дар Лондон мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG