Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли ҳамла ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон


Полиси Русия ҳангоми боздошти тазоҳуркунандагони зидди фашизм. Маскав, 19-уми январи соли 2010.
Полиси Русия ҳангоми боздошти тазоҳуркунандагони зидди фашизм. Маскав, 19-уми январи соли 2010.

Созмони ҳомии ҳуқуқи башар -- Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, ҳукуматҳои масъул дар нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар соли гузашта ҳуҷумҳои худро ба фаъолони ҳуқуқи инсон ва созмонҳои ғайридавлатӣ афзоиш доданд.

Ин созмон дар гузориши солонаи худ аз давлатҳои пуштибони ҳуқуқи инсон даъват кардааст, ки дар пешбурди равобит бо ҳукуматҳои худкома мавзӯи ҳуқуқи инсон дар меҳвари гуфтушунид қарор ёбад.
"Сухан аз куштори ҳомиёни ҳуқуқии инсон аст, ки мо дар аксар кишварҳо сабт кардаем ...

Ин ягона роҳест, ки метавонад, ҳукуматҳои қонуншиканро аз фишори бештар ба фаъолони ҳуқуқи инсон нигаҳ дорад, - гуфтааст ин Созмон дар гузориши солонаи худ.

САБАБҲОИ ТАМОЮЛИ НАВ

Ян Левин, раҳбари барномаи Ҳюман Райтс Вотч дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки тақвияти ҷумбишҳои ҳуқуқи башар дар чанд соли ахир вокуниши рӯзафзуни ҳукуматҳои худкомаро ба бор овард.

Левин мегӯяд: "Мо шоҳиди афзоиши фишорҳо рӯи фаъолони ҳуқуқ ва созмонҳои ҳуқуқи башар будем, ки қисман аз афзоиши нуфузи ин созмонҳо дар ҷомеаҳо маншаъ мегирад. Созмонҳое, ки нақзи ҳуқуқи инсонро санад мекунанд ва дар пайи беҳбуди ҳуқуқи инсон мегарданд. Ин тамоюлест, ки мо дар аксар гӯшаҳои ҷаҳон, бо шумули кишварҳои шӯравии собиқ, мушоҳида кардем."

ГУСТАРИШИ ҲАМЛАҲО


Созмони Ҳюман Райтс Вотч дар гузориши бисёрсафҳагиии худ вазъи ҳуқуқи инсонро дар 90 кишвари ҷаҳон ба баррасӣ гирифтааст. Гузориш бо ишора ба фишори тоқатфарсои ҳукуматҳо ба шахсиятҳои алоҳида ва созмонҳо гуфтааст, ҳеҷ имконе барои фаъолият дар кишварҳои мисли Туркманистон, Кореяи Шимолӣ ва Эритрея вуҷуд надорад.

Ин созмон меафзояд, ки нақзи ҳуқуқи фаъолон танҳо ба Чину Бирма маҳдуд нашудааст. Соли гузашта ҳуҷумҳои мусаллаҳона болои нозирони ҳуқуқ дар кишварҳои ноамну бесубот низ анҷом шудаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ҳарчанд муноқишаи низомӣ дар Чеченистони анҷом ёфтааст, вале кушторҳои занҷираии вакилони мудофеъ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ки алайҳи беқонунӣ мубориза бурдаанд, ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст.

СУКУТИ АБАДИ НОРОЗИЁН


Ян Левин Афғонистон, Кения ва Бурундиро аз давлатҳое хондааст, ки дар онҳо даҳони фаъолони ҳуқуқро барои абад бастаанд.

Вай афзуд: "Сухан аз куштори ҳомиёни ҳуқуқии инсон аст, ки мо дар аксар кишварҳо сабт кардаем. Мо дидем, ки ҳукуматҳо бо эҷоди фазои буғранҷ, ҳомиёни ҳуқуқро мавриди зӯроварӣ, фишору таъқиб ва таҳдид қарор додаанд. Мо медонем, ки ҳукуматҳо фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро бисёр маҳдуд кардаанд. Дар ин замина Русия аз бадтарин кишварҳои ҷаҳон номбар мешавад."

Ҳюман Райтс Вотч Эрон ва Узбакистонро кишварҳое унвон кардааст, ки дар онҳо фаъолони ҳуқуқи инсон ва мунаққидони ҳукуматро ошкоро таъқибу боздошт мекунанд.

ВАЗЪ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ҳюман Райтс Вотч дар гузориши тозааш ҳукумати Тоҷикистонро барои зери по кардани ҳуқуқи инсон интиқод кардааст. Дар гузориши солонааш дар мавриди мурооти ҳуқуқи инсон дар соли 2009, Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, соли гузашта ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба таври густурда поймол шудааст, аз ҷумла ҳуқуқ ба маскан, ҳуқуқи сиёсиву, озодии сухан ва эътиқод ва ғайра.

Ба гуфтаи созмон, маъмурони амниятии Тоҷикистон соли гузашта низ пайваста зиндониёну боздоштшудагонро азияту шиканҷа мекарданд. Ҳюман Райтс Вотч бо зикри гузориши соли гузаштааш дар мавриди нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, гуфтааст, то кунун ҳеҷ вокунише аз ҳукумати Тоҷикистон нагирифтааст ва авзоъи муҳоҷирон ҳамон гуна ки буд, боқӣ мондааст.

ЧӢ БОЯД КАРД?


Левин мегӯяд, нақзи ҳуқуқи инсонро метавон танҳо ба як роҳ коҳиш дод, ки агар давлатҳое мисли Иёлоти Муттаҳида мавзӯи эҳтироми инсонро аз масоили меҳварии гуфтушунидҳои дипломатӣ бо давлатҳои дигар қарор бидиҳанд.

Иёлоти Муттаҳида баъзе иқдомотро дар самти эҳёи обрӯи худ ҳамчун сутуни ҳуқуқи башар, бо шумули манъи бозпурсиҳои иҷбории хадамоти амният пиёда кардааст. Аммо, меафзояд Левин, корҳои ҷиддӣ дар пеш аст. Бояд онҳое мавриди бозҷӯӣ ва пайгарди қонун қарор бигиранд, ки ба зӯроварӣ мусоидат кардаанд ва ё дар шиканҷаи зиндониҳо даст доштанд.

Разгон антифашистской акции в Москве
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00
XS
SM
MD
LG