Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Patriot ҳамсояи Калининград мешавад


Вазири дифоъи Лаҳистон Вогдан Клич гуфт, ки мушакҳои амрикоии Patriot дар шимоли Лаҳистон, тақрибан 60 километр дуртар аз марзи вилояти Калинингради Русия мустақар хоҳанд шуд.

Хабаргузории лаҳистонии PAP бо такя ба гуфтаҳои вазири дифоъ иттилоъ дод, ки ин мушакҳо охирҳои моҳи март ва ё авоили моҳи апрел ба кишвар оварда мешаванд. Богдан Клич гуфтааст, ки ҷойгирсозии ин мушакҳо як бахши навсозии системи зидди ҳамлаи ҳавоии Лаҳистон аст.

Интизор мерафт, хабари ҷойгир кардани мушакҳои амрикоии Patriot дар наздикиҳои Калининград, минтақае, ки дар ҳалқаи ду кишвари узви НАТО – Лаҳистон ва Литва қарор дорад, боиси эътирози шадиди Маскав шавад. Ва аммо ба назар мерасад, ки мақомоти низомии Русия барои ташреҳи ин хабар шитоб надоранд. Ҳамзамон, хабаргузории Интерфакс иттилоъ додааст, ки Маскав дар талоши таҳкими нерӯҳои дарёии худ дар баҳри Балтик аст, вале мақомоти Вазорати дифоъ гуфтаанд, ки таҳкими нерӯҳои дарёӣ бо ҷойгиршавии мушакҳои Patriot дар Лаҳистон бастагие надорад.

Богдан Клич, вазири дифоъи Лаҳистон мегӯяд, ки дар шаҳри Моронки воқеъ дар соҳили Балтик ҷойгир кардани мушакҳои Patriot ягон ангезаи сиёсӣ ва ё стратегӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин шаҳр солҳо боз пойгоҳи низомӣ мавҷуд аст ва мустақарсозии мушакҳои нав ва низомиёни амрикоӣ дар он ҷо осонтар хоҳад буд. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки мушакҳои Patriot шояд дар канори Варшава, пойтахти Лаҳистон ҷойгир карда шаванд. Созиш дар бораи мустақарсозии мушакҳои амрикоии Patriot дар Лаҳистон миёни Варшава ва Вошингтон моҳи декабри соли гузашта ҳосил шуда буд. Имзои ин қарордод роҳро барои ҷойгиршавии мушакҳо ва мушаххассозии шароити буду боши низомиёни ИМА дар хоки Лаҳистон ҳамвор кард.

Се моҳ аз ин пеш раисҷумҳури Амрико Барак Обама тарҳи бунёди сипари мушакии Иёлоти Муттаҳида дар қаламрави Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон ба хотири рафъи ҳамлаҳои мушакӣ аз Эрон ва Кореяи Шимолиро лағв карда буд. Ин тарҳи аз сӯи маъмурияти раисҷумҳури пешини Амрико Ҷорҷ Буш таҳияшуда боиси хашми Русия гардид, ки онро чун таҳдид ба амнияти худ арзёбӣ намуд. Ба думболи ин ва ба хотири берун шудан аз вазъи каме ноҳинҷори ба вуқӯъпайваста Амрико тасмим гирифт, ки системи зидди ҳамлаи ҳавоии Лаҳистонро бо мушакҳои замонавии Patriot навсозӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, аз нигоҳи коршиносон, вуруди мушакҳои амрикоӣ ба манотиқи наздики Калининград шояд музокирот оид ба созишномаи нави коҳиши силоҳи стратегӣ миёни Амрико ва Русияро ба мушкил мувоҷеҳ кунад. Моҳи гузашта сарвазири Русия Владимир Путин гуфта буд, ки тарҳи сипари мушакии Амрико дар Аврупо - аз монеаҳои аслӣ барои имзои созиши нави силоҳи стратегӣ буд, созише, ки ба ҷойи қарордоди қаблии коҳиши силоҳи стратегӣ мавсум ба START пазируфта шавад.

Филипп Кроулӣ, намояндаи вазорати умури хориҷаи Амрико ба хабарнигорон гуфт, ки навсозии системи зидди ҳамлаи ҳавоии Лаҳистон бо мушакҳои Patriot набояд монеъаи идомаи музкирот оид ба имзои созиши нави коҳиши силоҳи стратегӣ миёни Вошингтону Маскав шавад. Ба гуфтаи ӯ, “раисҷумҳур Обама ва раисҷумҳур Медведев ӯҳдадор шудаанд, ки таҳияи ин қарордодро хатм кунанд. Аз нигоҳи мо, ин ҳама софдилона сурат мегирад ва гумон намекунам, ки мушкиле ба миён ояд”.

Кохи Сафед изҳор намуд, ки Барак Обама ахиран мушовири худ дар умури амнияти миллӣ Ҷеймс Ҷонс ва раиси кумитаи муттаҳидаи сарварони ситодҳо адмирал Майк Мулленро ба Маскав фиристод, то ки дар музокирот бо мақомоти Русия охирин монеаҳо дар роҳи имзои созишномаи нав оид ба коҳиши силоҳи стратегиро бартараф созанд.
XS
SM
MD
LG