Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми амалиёти ҷустуҷӯӣ дар Ҳаитӣ


Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки ҳукумати Ҳаитӣ амалиётҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар манотиқи вайроншуда аз заминларзаро хотима додаааст.

То кунун дар амалиётҳои ҷустуҷӯӣ 132 нафарро аз зери бетону оҳанҳои ба ҳам печида берун овардаанд ва танҳо дар рӯзи ҷумъа як зани 84-сола ва як ҷавони 21-соларо баъди даҳ рӯз зинда ёфтанд.

Заминларзаи қавии ҳафт дараҷаӣ, ки рӯзи 12 январ Ҳаитии қашшоқро такон дод, беш аз 110 ҳазор нафарро кушт ва бештар аз якуним миллион нафарро бесарпаноҳ гузошт.

Баъди эълони марҳилаи наҷот аз тарафи ҳукумати Ҳаитӣ дар рӯзи ҷумъа, Маргарет Волстром - намояндаи Созмони Милал дар умури коҳиши хатари фалокатҳои табиӣ, дар шаҳри Женева гуфт, “ҷаҳон бояд як Ҳаитии амнтар” бунёд кунад.

Ба гуфтаи хабаргузориҳо, ҳоло амалиётҳои наҷот бештар барои кӯмак ба мардуми бесарпаноҳ равона шудаанд. Бино ба гузоришҳо, сокинони зиёди Ҳаитӣ бахусус аз минтақаҳои вайрону валангор, аз ҷумла пойтахт шаҳри Порто Принс ба он қисматҳои кишвар мераванд, ки аз заминларза эмин мондааст.

Бар асари зилзилаи фоҷеабор дар Ҳаитӣ то имрӯз ҷасади 110 ҳазор нафар ошкор шудааст
Айни замон, ситораҳои шинохтаи мусиқӣ шаби ҷумъа консерт баргузор карданд, то аз тариқи марафони телевизионӣ барои мардуми Ҳаитӣ кӯмаки хайрия ҷамъ оварданд. Дар ин консерт, аз ҷумла Ҷорҷ Клунӣ, Маддона, Стинг ҳунармандони маъруфи ҷаҳонӣ ширкат доштанд.

Бештар аз 100 ситораи Ҳолливуд дар консертҳое, ки “Умед барои Ҳаитӣ” унвон дошт ва ҳамзамон дар Лос-Анҷелес, Ню-Йорк ва Лондон баргузор шуд, ширкат доштанд. Консерти мазкур дар тамоми телевизионҳои бузурги Амрико, Бритониё ва аз тариқи вебсайти Ютюб намоиш дода шуд. Дар миёни ситораҳо, Билл Клинтон, раиси ҷумҳури собиқи Амрико ҳам буд, ки баъди заминларза аз Ҳаитӣ дидан кардааст.

Вай доир ба ояндаи ин ҷазира сӯҳбат кард ва гуфт, «ин мардум бояд бидонанд, ки ҳоло беҳтарин имконеро доранд, то ин таърихро пушти сар карда ва кишваре бисозанд, ки фарзандонашон дар он зиндагии шоиста дошта бошад».

Мақомоти Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк гуфтанд, дар похус барои ҷамъоварии кӯмаки 575 миллион долларӣ барои Ҳаитӣ то кунун 334 миллион доллар хайрия ва аҳди ихтисоси кӯмаки молӣ ба даст овардаанд.

Бан Ги Мун дабири кулли Созмони Милал гуфтааст, “бисёр кам будааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари чунин фалокат ва мушкилоти мавҷуд бо чунин якдилӣ ва зуд иқдом кардааст. Аммо Рене Превал, раисиҷумҳури Ҳаитӣ, ба рӯзномаи “Эл Паис”-и Испониё гуфтааст, ноҳамоҳангии умумӣ боиси ихлол дар кӯмакҳои имдодӣ шудааст.

Devastating Haiti Earthquake Kills Thousands
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

XS
SM
MD
LG