Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи ислоҳоти Обама ба мушкил рӯбарӯ мешавад


Дар музокироти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо раҳбарони Конгресс дар мавриди ислоҳоти сохтори бимаи тиббӣ намояндагони ҳизби демократ ва ҳизби ҷумҳурихоҳон ба созиш нарасиданд.

Дар ин мулоқот, ки шаш соат идома дошт, 40 узви Конгресс аз ҳарду ҳизб ширкат доштанд. Вакилон аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон боз ҳам ба тарҳи ислоҳоти пешниҳодкардаи Обама мухолифат карда гуфтанд, ки он барои буҷаи давлатӣ ва шаҳрвандон бори гароне хоҳад шуд.

Ба мухолифони тарҳ даъвати раисиҷумҳур дар бораи чанд муддат фаромӯш кардани ихтилофоти ҳизбӣ ва тамаркуз рӯи он нуктаҳое, ки бо онҳо вакилони ҳарду ҳизб мувофиқанд, низ таъсире накард. Ба гуфтаи сенатору конгрессменҳои ҷумҳурихоҳ, онҳо нишасти ахири Вошингтонро барои он истифода намуданд, ки ба шаҳрвандон баҳои гарони ислоҳоти бимаи тиббиро ташреҳ кунанд.

Маҷлиси намояндагон ва Сенат охири соли гузашта ду тарҳи алоҳидаи ислоҳоти хадамоти беҳдоштиро пазируфта буданд. Ва аммо умеди ҳамоҳанг сохтани ин ду санад моҳи январ, баъд аз пирӯзии ғайримунтазираи ҷумҳурихоҳон дар интихоботи қабл аз вақт ба Сенат дар аёлати Массачусетс, барбод рафт.

Баъди шикаст дар ин интихобот демократҳо аз имкони тасдиқ кардани тарҳи қонунҳо дар Сенат маҳрум шуданд, зеро барои ин ҳадди аққал 60 раъй зарур аст.

Ва аммо коршиносон мегӯянд, ки демократҳо ҳанӯз шонси тасдиқи тарҳи қонунро доранд. Гуфта мешавад, демократҳои метавонанд аз таҷрибае кор бигиранд, ки тибқи он ҳатто як раъйи бештар барои пазируфтани ин ё он тарҳ кофист.

Ҳоло барои тасдиқи тарҳи қонун дарёфти аз се ду ҳиссаи раъйҳои Сенат, яъне пуштибонии дасти кам 60 сенатор, зарур аст.

Тибқи тарҳи таҳиякардаи Барак Обама, қарор аст, ки барои татбиқи тарҳи ислоҳоти сохтори бима дар даҳ соли оянда 1 триллион доллар тахсис дода шавад. Иҷрои ин тарҳ ба беш аз 31 миллион шахрвандони Амрико, ки бимаи тиббӣ надоранд, имкон медиҳад то аз хадамоти беҳдоштй бархурдор шаванд.

Тағийри қонун дар бораи бимаи тиббӣ аз ваъдаҳои калидии маъракаи интихоботии Барак Обама буд.
XS
SM
MD
LG