Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи нав ба маркази Кобул


Бар асари ҳамлаи гурӯҳи ҷангҷӯёни Толибон ба маркази шаҳри Кобул субҳи имрӯз 17 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ, ба ҳалокат расидаанд.

Намояндаи пулиси Кобул Ғаффор Саидзод мегӯяд, дар пайи ин ҳодиса 32 нафари дигар ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Ин қазия субҳи имрӯз дар канори бузургтарин маркази тиҷоратии пойтахти Афғонистон «Кобул Сити Сентр» ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар меҳмонхонаи он хориҷиҳо, аксаран шаҳрвандони Ҳиндустон ба сар мебурдаанд.

Бино бар хабарҳои аввалия, дар ин ҳамла панҷ ҷангҷӯи мусаллаҳи толиб иштирок кардаанд. Се нафари онҳо худро тарконидаанд. Баъд аз таркиш кормандони полис бо нафарони мусаллаҳ вориди даргирӣ шуданд. Тирпарронӣ тақрибан ду соат давом кардааст.

Намояндаи Вазорати дифоъи Афғонистон хабар додааст, ки дар ин ҳамла чаҳор ҳинду ба ҳалокат расидаанд. Қурбониёни боқимонда пулисҳои афғонӣ будаанд. Ҳаракати Толибон масъулияти ин ҳамларо бар душ гирифтааст.

Ин дуввумин ҳамлаи маргбори шӯришиёни Толибон ба Кобул аз оғози соли ҷорӣ аст. Моҳи гузашта як гурӯҳи 20-нафарии ҷунбиши “Толибон” якчанд сохтмони маркази Кобулро барои чанд соат ишғол карданд. Дар пайи бархурди пулиси шаҳр бо гурӯҳи мусаллаҳ 12 нафар кушта ва беш 70 тан захмӣ шуда буд.

Militant Attacks On Kabul
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00
XS
SM
MD
LG