Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи шадид дар Чилӣ


Заминларзаи харобиовар дар Ҳаитӣ садҳо ҳазор кушта бар ҷой гузошт.
Заминларзаи харобиовар дар Ҳаитӣ садҳо ҳазор кушта бар ҷой гузошт.

Шумораи кушташудагон дар заминларзаи шадиди Чилӣ, ки нерӯи он 8,8 дараҷаи ҷадвали Рихтер унвон мешавад, ба 78 нафар расидааст.

Маркази огоҳӣ аз мадду ҷазри Амрико аз бархостани сунами дар соҳилҳои Чилӣ ва Перу иттилоъ додааст. Бино бар иттилоъи маркази зилзиласанҷии Амрико, маркази заминларза дар дурии 317 километр аз пойтахти Чилӣ - шаҳри Сантяго ҷойгир будааст.

Дар ин бора мақомоти давлати Чилӣ хабар додаанд. Раисиҷумҳури Чилӣ, Мишел Бачелет дар кишвараш вазъи фалокатбор эълон кард ва аз мардум хост, хештандорӣ кунанд. Маркази заминҷумбӣ, ба иттилои марказҳои зилзилсанҷӣ дар 300 километрии ҷанубуғарби Сантяго, пойтахти Чилӣ ва дар 100-километрии дувумин бузургтарин шаҳри Чилӣ, Консепсион воқеъ гаштааст.

Дафъатан пас аз такони аввал зилзилаи дувум рӯй додааст, ки нерӯи он 6 дараҷаи ҷадвали Рихтер будааст. Ситоди огоҳӣ аз маддуҷазри Амрико дар уқёнуси Ором аз бархостани тсунами дар соҳилҳои Чили ва Перу иттилоъ додааст. Нимаҳои моҳи январ дар чунин заминларзаи шадид дар Ҳаитӣ зиёда аз 100 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар бехонумон шуданд.

Чилӣ маркази бузургтарин зилзила дар асри 20 буд – панҷоҳ сол қабл, дар соли 1960 заминҷунбии 9,5 балла бештар аз якуним ҳазор нафарро дар шаҳре бо номи Валдивия кушта буд.

Дар аввали соли ҷорӣ дар натиҷаи заминларзаи шадиди 7-балла дар Ҳаитӣ тақрибан 230 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар бехонумон шуданд. Дар охири соли 2004 пас аз зилзилае бо шиддати 9,2 дараҷа сунами бархост ва Осиё тақрибан 250.000 нафарро кушт.

Дар садаи бистум зилзилаҳо бо шиддати 9 дараҷа ва бештар аз он ҳамчунин дар Аляска дар соли 1964 ва дар Камчатка дар соли 1952 рух додаанд.
XS
SM
MD
LG