Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони рӯзи мотами миллӣ дар Русия


Имрӯз, 30 - юми марти соли 2010 дар саросари Русия ба хотираи қурбониёни инфиҷорҳои рӯзи гузаштаи метрои Маскав, мотами миллӣ эълон шудааст.

Раисҷумҳури Амрико ва раҳбарони баландпояи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо таркишҳои маргбор дар метрои шаҳри Маскавро, ки дасти кам 38 кушта ва 95 захмӣ бар ҷой гузошт, маҳкум карданд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ҳамлаҳои маргталабонаи рӯзи душанбе дар Маскавро «иқдоми ваҳшиёна» номидааст. Вай дар як баёния гуфтааст, «мардуми Амрико дар мухолифат бо хушунати ифротгароён ва ҳамлаҳои террористии зишт, ки зиндагии инсонҳоро ҳадаф қарор додаанд, дар канори мардуми Русия хоҳанд буд ва мо ҷунин иқдомҳои ваҳшиёнаро маҳкум мекунем».

Раисиҷумҳури Амрико ба хонаводаи қурбониёни ин таркишҳо изҳори ҳамдардии амиқ кардааст.

Никола Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, мақомоти Русияро мутмаин сохт, ки Фаронса дар мухолифати Русия бо ин амали зишт ҳамсадост. Йержӣ Бузек, раиси парлумони Иттиҳодияи Аврупо ва нахуствазири пешини Полша гуфт, парлумони Аврупо "кӯмаки ҳамаҷониба"-и худро ба Русия пешниҳод мекунад.

Ҳамчунин Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО, қавл дод, ки барои мубориза бар зидди терроризм бо Русия ҳамкорӣ мекунад. Вай гуфт, барои чунин ҳамлаҳо ба мардуми бегуноҳ наметавонад ҳеҷ гуна тавҷеҳ дошта бошад.

Day Of Mourning For Moscow Metro Victims
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00


Вазирони умури хориҷаи 8 кишвари пешрафтаи саноатии олам таркишҳо дар метрои Маскавро шадидан маҳкум карданд. Дар нишасти вазирони хориҷаи G-8 дар шаҳри Гатинои Канада изҳороте қабул шуд, ки дар он ба пайвандони қурбониёни ҳодиса изҳори ҳамдардӣ шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам зимни як барқия ба раисиҷумҳури Русия ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Маскавро "амали ғайриинсонӣ" унвон кардааст ва изҳори ҳамдардӣ намудааст. Раҳбарони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таркишҳо дар Маскавро шадидан маҳкум кардаанд.

Таркишҳои субҳи рӯзи душанбе, 29-уми март, дар метрои Маскав дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки истгоҳҳои метро пур аз мусофирон буданд. Мақомоти Русия мегӯянд, дар ду инфиҷор 38 нафар кушта шудаанд.

Тоҷикон дар миёни қурбониён


Расонаҳои Маскав хабар медиҳанд, ки дар миёни кушташудагон як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст. Рӯзномаи "Московский комсомолец" навиштааст, ки дар миёни кушташудагон як нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Умед Абдураҳмонов низ ҳаст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки як шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ бар асари ин таркишҳо маҷрӯҳ шуда ва дар беморхонаи Склифасовский таҳти муроқибати пизишкон аст.

Ҳукумати Русия рӯзи сешанберо барои поси хотири қурбониёни ин ҳодиса рӯзи мотам эълон кардааст.

Масъулияти таркишҳо дар метрои Маскавро то ҳол ягон гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст. Вале мақомоти амниятии Русия ин ҳамлаҳоро ба гурӯҳҳои тундрави қафқозӣ рабт медиҳанд.

Ахиран нерӯҳои амниятии Русия дар Қафқози Шимолӣ чанд амалиёт анҷом доданд, ки бар асари он иддае аз фармондеҳони гурӯҳҳои тундрав кушта шуданд. Таҳлилгарон тахмин мезананд, ки таркишҳо дар Маскав ҷавобе ба ин амалиётҳост.

После теракта в метро "Лубянка"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG