Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги шаҳрванди Қирғизистон аз тири марзбони қирғиз


Як сокини узбактабори вилояти Ҷалолободи Қирғизистон Носирҷон Тешабоев, ҳангоми убури сарҳад аз тири марзбонони қирғиз кушта шудааст.

Бародари ӯ, Набиҷон Тешабоев ҳоло дар бемористон бистарист. Ба гуфтаи мақомоти марзбонии Қирғизистон, ин ҳодиса бар асари вайронкунии қоидаҳои убури марз ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба гуфтаи Динмуҳаммад Усмоналӣ, корманди додситонии вилояти Ҷалолобод, ба далели риоя накардани қоидаҳои убуру мурури марз қаблан низ чунин ҳодиса рух дода, боиси марги як сокини рустои Наймани вилояти Ҷалолобод шуда буд.

Дафтари матбуотии хадамоти марзбонӣ гуфтааст, ки дар марз панҷ нафар бо марзбонон вориди даргирӣ шудаанд ва онҳоро маҷбур кардаанд, ки аз силоҳи оташфишон кор гиранд.

Бино ба ин манбаъ, сабабгори ҳодиса як тан аз хешовандони оилаи Тешабоевҳо мебошад, ки хостааст, дар ҷои ғайримуқаррарӣ марзи Қирғизистон бо Ӯзбакистонро убур кунад. Аммо марзбонони қирғиз гуфтаанд, ки вай аз тариқи посгоҳ ба Ӯзбакистон гузарад. Ин зан хешовандони худро ба кумак даъват кардааст ва даргирӣ ба куштори яке аз онҳо сабаб шудааст.

Дар ҳамин ҳол Азимҷон Аскаров, як сокини ноҳияи Бозорқурғони вилояти Ҷалолобод, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки дар минтақаи ҷануби кишвараш беш аз як миллион ӯзбактаб ба сар мебарад ва пайвандони зиёди онҳо дар соири вилоятҳои водии Фарғонаи Ӯзбакистон сукунат доранд.

Азимҷон Аскаров мегӯяд, вуқӯи ҳодисаҳое, ки бо фоҷеъа анҷомидаанд, норизоиҳои мардуми ду самти марзро ба бор овардааст. Вай афзуд, шаҳрвандони Ӯзбакистон дар қаламрави Қирғизистон то 60 рӯз бидуни сабти ном метавонанд ба сар баранд, вале шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Ӯзбакистон бояд дар муддати 5 рӯз сабти ном шаванд.

Як ҳамсӯҳбати дигари мо мегӯяд, масъалаи равуои мардуми ду кишвари ҳамҷавор, бояд дар сатҳи олӣ мавриди гуфтушунид қарор бигирад, вагарна авзоъ ба ташаннуҷи ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG