Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Обама аз маҳалли резиши нафт ба оби халиҷ


Барак Обама, Луизиана, 28 -уми майи соли 2010
Барак Обама, Луизиана, 28 -уми майи соли 2010

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, зимни ошноӣ бо фоҷиаи муҳитизистӣ дар халиҷи Мексика дастур додааст, ки теъдоди ширкатдорони амалиёти рафъи паёмадҳои резиши нафт ба оби халиҷи Мексика то 60 ҳазор нафар афзуда шавад.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, зимни сафари ахираш ба Луизиана ва ошноӣ бо фоҷиаи муҳитизистӣ аз вазири амнияти дохилӣ Ҷанет Неполитано хост, ки теъдоди ширкатдорони амалиёти рафъи паёмадҳои резиши бесобиқаи нафти хом ба обҳои халиҷи Мексикаро 3 баробар, яъне то 60 ҳазор нафар, афзоиш диҳад.

Тед Аллен, адмирали ҳифзи соҳил, муваззаф шуд, ки дар минтақаи офат аз чораҳои иловагии ҷилавгирӣ аз идомаи ифлосшавии обҳои халиҷи Мексика кор бигирад ва ҷойҳои дамгириву оббозии мардум, ҳамчунин набототу ҳайвоноти аз резиши нафт осебдидаро таҳти назорати шадид қарор диҳад.

Вазири энерҷии Амрико Стивен Чу - донишманди маъруф ва барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши физика дар соли 1997, бо амри Обама, гурӯҳи беҳтарин дар ҷаҳон олимону муҳандисон ва коршиносонро раҳбарӣ хоҳад кард, ки бояд дар зудтарин фурсат барномаи амалиёти оҷил дар сурати комёб нашудани талошҳои ширкати British Petroleum барои ҷилавгирӣ аз идомаи хуруҷи нафт дар халиҷи Мексикаро таҳия кунанд.

Тонӣ Ҳайвард, раҳбари British Petroleum гуфт, ки “аз нигоҳи ман, пешрфти ҷиддӣ ба даст омадаст ва корҳо дар чаҳорчӯби нақша пеш меравад, Ва аммо то замоне, ки корҳо анҷом нашудааст, онро наметавон иҷрошуда хонд”.

Ба назар мерасад, ки талошҳои ширкати British Petroleum барои маҳкам кардани чоҳи тахрибашудаи нафт дар халиҷи Мексика то кунун самар додааст. Ду рӯз пеш мутахассисони ширкат тасмим гирифтанд, ки тавассути амалиёти рехтани маҳлули махсуси сементдор ба чоҳ аз идомаи ихроҷи нафт ҷилавгирӣ кунанд.

Садама дар чоҳи нафт

Рӯзи 20 апрел, бар асари тахриби як чоҳи ширкати British Petroleum миқдори бузурги нафти хом ба обҳои халиҷи Мексика рехт ва ин бузургтарин резиши нафт дар таърихи Амрико арзёбӣ мешавад. Барак Обама ин мавзӯъро таҳти назорати шадид гирифтааст.
Ӯ тайи ҳафтаҳои ахир бори дуввум ба аёлати Луизиана сафар кард, то ки паёмадҳои ин ҳодисаро бо чашми худ бубинад.

Гуфта мешавад, ки то имрӯз нафти хом 110 километр соҳили халиҷ дар Луизианаро ифлос кардааст. Тибқи арзёбии ҷадиди нави донишмандони амрикоӣ ҳамарӯза аз чоҳи тахрибшуда дар халиҷи Мексика дасти кам 12 ҳазор бушка нафти хом берун мешавад.

Рӯзи панҷшанбе Барак Обама корҳои иктишофӣ дар 33 чоҳи нафти халиҷи Мексикаро мутаваққиф кард, манъи ҷустуҷӯи нафт дар баҳрро барои ним соли дигар тамдид намуд. Ӯ ҳамчунин амр кард, ки фурӯши муҷаввиз барои коркарди чоҳҳои нафт дар соҳилҳои аёлатҳои Аляска ва Вирҷиния манъ карда шавад.
XS
SM
MD
LG