Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмоне, ки парастори навзодони партофташуда аст


Панҷ сол қабл, дар ҳамин рӯз, якуми июн, Рӯзи байнулмилалии кӯдакон, нахустин Babybox дар Прага тирезачаи худро бар рӯи онҳое боз кард, ки тифли навзодашонро худ тарбия кардан намехостанд.

Ин як марказест, ки модар ва ё ҳар нафари дигар кӯдаки навзодашро оварда, он ҷо мегузорад ва меравад ва касе ҳам аз ҳувияти ӯ огоҳ намешавад. Марказ бошад тифлро аз даруни қуттӣ гирифта, ба тарбияи ягон хонадони хоҳишманд месупорад.

Дар соли панҷуми фаъолияти ин марказ хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Прага аз он дидан карданд.


XS
SM
MD
LG