Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти фиристодаи Амрико бо донишҷӯёни тоҷик


Фараҳ Анвар Пандит, намояндаи махсуси Департаменти давлатии ИМА оид ба ҷомеаи мусулмонон дар чаҳорчӯбаи сафари минтақавии худ, рӯзи панҷшанбе вориди Душанбе шуд.

Интизор меравад, тайи ин сафар ӯ бо намояндагони ҷомеъаи маданӣ, донишҷуён ва намояндагони ақшори дигар роҳҳои ҳамкории дуҷонибаи ҷомеъаҳои мусалмониро баррасӣ кунад. Хонум Пандит тайи ин сафар аз шаҳрҳои Хоруғ ва Хуҷанд низ дидан кардааст.

Вай имрӯз дар ҷараёни мулоқоти худ бо донишҷуён, ки дар Душанбе баргузор гардид ба пурсишҳои бешумори донишҷӯён ва хабарнигорон посух дод.

Аз ҷумла ба суоли оё роҳҳои дигари мубориза алайҳи тундгароӣ, ҷуз роҳи низомӣ вуҷуд дорад, хонум Пандит гуфт:

«Ин яке аз масъалаҳои муҳими рӯзгори мост. Муддати шаш соли ахир дар пайванд бо ҳамин масъала сару кор дорам. Ҳамсадоии худи мусалмонҳо метавонад сарнавишти тундгароиро тағйир диҳад. Танҳо бо талошҳои маҳаллӣ дар дохили муҷтамаъ метавон идеулужии хушунутомезро саркӯб намуд, чун онҳо дар дохили ҷомеъаҳо аз пойгоҳи қавие бархурдоранд».

Намояндаи махсуси Департаменти давлатии Амрико оид ба ҷомеаи мусалмонон дар посух ба суоли дигар, ки шумо аз терроризм чиро дар назар доред: тероризми исломӣ ва ё тероризми байналмилалӣ ва чигуна ин зуҳурот дар ҷомеъаҳо пайдо шудааст, гуфт:

«Иҷоза бидиҳед, то барои шумо масъаларо равшантар баён намоям. Ҳарфи ман перомуни хушунат ва тундгароист. Вақте шумо дар бораи роҳҳои чигуна саркӯб намудани ин падида дар ҷомеъа, масалан дар ҷомеъаи мусалмонии худатон сӯҳбат мекунед, бояд бо як садо алайҳи он пайкор намоед. Ҳамин якдастагӣ метавонад андешаҳои воридаро саркӯб намояд».

Дар идомаи суханаш вай афзудааст: «Ман бо ашхоси зиёде дар саросари олам вохӯрдаам, ки талоши пайдо кардани алтернатив ба ҷои падидаи тундгароиро доранд. Мо бояд кори бештаре анҷом бидиҳем ва аз ҳам пуштибонӣ кунем. Мо бояд онҳоеро, ки алайҳи ин гуна падидаҳо талош мекунанд, пуштибонӣ намоем».

Сафари минтақавии хонум Пандит то рузи 4-уми август идома хоҳад ёфт ва қарор аст дар идомаи сафари худ вай аз Қазоқистон низ дидан намояд.
XS
SM
MD
LG