Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи дарози ҳалли низоъи сиёсии Афғонистон


Виллям Ҳейг
Виллям Ҳейг

Виллям Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё гуфт, барои ҳалли сиёсии низоъи Афғонистон, роҳи дароз ва тӯлонӣ дар пеш аст. Ин дар ҳолест, ки гузоришҳои пай дар пай дар мавриди гуфтугӯҳо миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон дар ин авохир ба нашр расид.

Аммо Толибон ҳамвора ин гузоришҳоро рад карда ва мақомоти афғон ҳам дар мавриди он камтар ҳарф мезананд.

Марҳалаи ибтидоии музокирот бо Толибон

Вале манобеи Ғарб мегӯянд, ин ки музокирот дар куҷо ва чигуна пеш бурда хоҳад шуд, дар мароҳили ибтидоӣ қарор дорад.

Виллям Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё дар иҷлоси парламенти он кишвар гуфт, ки то ҳанӯз бар ин марҳала нарасидаем, ки шароити роҳи ҳали сиёсиро таъин кунем.

Вазири умури хориҷаи Бритониё афзуд, дар ҳоли ҳозир гуфтугӯ миёни мақомоти Афғонистон ва раҳбарони Толибон дар мавриди ҳалли сиёсии масъалаи Афғонистон оғоз нашудааст, зеро ин раванд то акнун ба ин марҳала нарасидааст.

Виллям Ҳейг ҳамчунон гуфт, пешбинӣ мешавад, ки хушунатҳо дар Афғонистон ба сатҳи баланд боқӣ мемонад ва ҳатто афзоиш хоҳад ёфт.

Гузориш менависад, бо ҳузури бештар аз 150 ҳазор нерӯи хориҷӣ дар Афғонистон, ҷангҷӯёни мухолифин дар ҳоли тақвият буда ва дар манотиқи нисбатан ором дар ҳоли тавсеаи фаъолиятҳояшон мебошанд ва имсол яке аз маргбортарин сол пас аз суқути режими Толибон ба шумор меравад.

Нигаронӣ аз фасоди идорӣ дар Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Бритониё ҳамчунон ба фасоди идорӣ дар бузургтарин муассисаи хусусии молии Афғонистон, «Кобул Банк» дар моҳи гузашта ва ба пардохти пули нақд ба раиси ҷумҳур Карзай аз сӯи Эрон ишора кард.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар ин ҳафта гуфт, ки дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон харитаҳои пулҳои нақдро аз Эрон ба даст овардааст. Аммо изофа кард, ки ин пул барои масрафи Қасри раёсати ҷумҳури Афғонистон аз сӯи Эрон кӯмак шуда аст ва ИМА низ чунин кӯмакеро ба дафтари раёсати ҷумҳури анҷом медиҳад.

Вазири умури хориҷаи Бритониё гуфт: «Ҳар чанд пешрафт дар мубориза бо фасоди идорӣ сурат гирфта аст, аммо мо инро ба ҳеҷ ваҷҳ кофӣ намедонем ва мехоҳем шоҳиди пешрафти бештар дар мубориза бо фасоди идорӣ дар Афғонистон бошем.»

Вай афзуд, ин ҳақиқат дорад, ки теъдоде аз кишварҳо ба шаклҳои мухталиф ба Афғонистон пул кӯмак мекунанд, муҳим ин аст, ки шаффофият дар масрафи он вуҷуд дошта бошад ва барои мақсадҳои номашрӯъ истифода нашавад.

XS
SM
MD
LG