Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди ронандаи тоҷик бо генерал Шаманов


Владимир Шаманов, фармондеҳи нирӯҳои десанти ҳавоии артиши Русия
Владимир Шаманов, фармондеҳи нирӯҳои десанти ҳавоии артиши Русия

Додситонии вилояти Тулаи Русия алайҳи шаҳрванди Тоҷикистон Давлатшо Бегишоев бо иттиҳоми нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси ҳалокати инсон шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Мошини МАЗ-и Бегишоев субҳи шанбе дар шаҳри Тула бо BMW-и хидматии фармондеҳи нирӯҳои десанти ҳавоии артиши Русия генерал-лейтенант Владимир Шаманов бархӯрд.

Дар натиҷаи сониҳа ронандаи мошини Шаманов ҳалок шуда, худи генерал ва ҳамсафарони ӯ - сарҳанг Алексей Науметс ва сарҳанг Олег Черноус маҷрӯҳ шудаанд.

Владимир Шамановро барои идомаи табобат ба бемористони Бурденкои шаҳри Маскав интиқол додаанд. Ба гуфтаи пизишкон, бар асари садама мағзи сари ӯ такон хӯрда, ҳамчунин дасту пояш шикастааст. Генерал Шаманов ҳоло таҳти назорати пизишкон қарор дорад ва вазъи сиҳатии ӯ қаноатбахш гуфта мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, Владимир Шамановро дар бемористон сарвазири Русия Владимир Путин аёдат кардааст.

Владимир Шаманов шахсияти зиддунақизе дар таърихи муосири Русия маҳсуб шуда, барои ҷанги Чеченистон унвони Қаҳрамони Русияро дарёфт кардааст, вале гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар ӯро ба даст доштан дар ҷиноёти ҷанг айбдор мекунанд. Ӯ як муддат волии вилояти Уляновск ҳам буд.

Шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Тула иттилоъ додааст, ки ронандаи мошини МАЗ Давлатшо Бегишоев пас аз садама аз сӯи кормандони интизомӣ дастгир шудааст ва феълан дар боздоштгоҳи шаҳри Тула ба сар мебарад. Кормандони бозрасии автомобилии Тула дар вуқуи садама Бегишоевро айбдор мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, Бегишоев ҳангоми рондани МАЗ ба хатти муқобили роҳ баромада, ба мошини BMW бархӯрдааст.

Ин дар ҳолест, ки шумори зиёди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба ронандагӣ ва мусофиркашӣ машғуланд. Агарчи расонаҳои Русия қаблан борҳо аз садамаҳои нақлиётӣ бо ширкати мардикорони тоҷик иттилоъ дода буданд, вале парвандаи Бегишоев пурсарусадотарин хоҳад буд.

Бархе аз соҳибназарон бо ишора ба тамаркузи бисёре аз расонаҳои хабарии Русия ба мансубияти миллии айбдоршаванда дар садамаи генерал Шаманов, эҳтимол мезананд, ки пас аз ин ҳодиса иҷозаи муҳоҷирони кории тоҷик барои кор дар системаи нақлиёти Русия маҳдуд хоҳад шуд.

Ахиран хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки атбоъи Тоҷикистон имсол дар Русия ба наздики 7000 ҷиноят айбдор шудаанд, вале тақрибан 50 дарсади ин ҷиноёт марбут ба нақзи шароити кору иқомат ва тақаллуби кортҳои муҳоҷирӣ ва сабти ном будааст.
XS
SM
MD
LG