Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои 250 ҳазор санади сиррии дигари Амрико


Пойгоҳи интернетии WikiLeaks (Викиликс) бештар аз 250 ҳазор санади сиррии дипломатии Амрикоро нашр кардааст. Масъулини Викиликс қаблан эълом карда буданд, ки иттилооти маҳрамона роҷеъ ба фасодзадагии мақомоти кишварҳои Осиёи Марказиро нашр хоҳанд кард.

Аммо мақомоти вазорати хориҷии Амрико гуфта буданд, ки чунин иқдоме метавонад дар муносибатҳои дипломатҳои ИМА бо кишварҳои дигар мушкил эҷод кунад.

Матолиби нашрнамудаи WikiLeaks имрӯз, душанбе 29-уми ноябр дар панҷ нашрияву маҷаллаи маъруфи Амрико, Бритониё, Олмон, Фаронса ва Испания низ чоп шудаанд.

WikiLeaks аз ҷумла, асноди сиррӣ дар бораи талошҳои дипломатҳои амрикоӣ барои назорат аз болои раҳбарони Созмони Милали Муттаҳид, фишор болои намояндагони бархе кишварҳо ва баррасӣ шудани имкони амалиёти низомӣ алайҳи Эронро нашр кардааст.

Кохи Сафед амали WikiLeaks-ро ҳамчун “бемасъулиятона ва хатарбор” маҳкум кард. Аз нигоҳи Вошингтон, нашри асноди сиррӣ на фақат ба манфиатҳои миллии Амрико таҳдид мекунад, балки амнияти одамони зиёдеро ҳам зери хатар мегузорад.

Қабл аз ин ин пойгоҳи интернетӣ садҳо ҳазор санади махфӣ дар робита ба ҷанги Афғонитону Ироқро мунташир кард, ки боиси вокуниши ҷиддии мақомоти Амрико ва бархе кишварҳо, аз ҷумла Покистон шуда буд.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.
XS
SM
MD
LG